9.9 C
Dushanbe

Фиреби “Барқи тоҷик” ва фурӯши барқ ба Толибон

Ширкати “Барқи тоҷик” фурӯши нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя, бахусус Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистонро нисбат ба гузашта зиёдтар кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 1-уми феврали соли 2023 фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бекор кардани лимити барқ, ки ҳамагӣ 20 рӯз пеш содир шуда буд, аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” бекор карда шуд.

Пеш аз ин, ҳанӯз аз моҳи сентябри соли 2022 интиқоли нерӯи барқ дар аксари манотиқи Тоҷикистон маҳдуд гардида, ба ҳисоби миёна шабона аз соати 22:00 то 05:00 ва рӯзона аз соати 08:00 то 18:00 сокинон аз нерӯи барқ маҳрум буданд, вале ин ширкат ба ҳеч ваҷҳ расман эътироф намекард, барои таъмини мардум бо нерӯи барқ “лимит”-ро ҷорӣ кардааст.

Аммо дар даҳаи дуюми моҳи январи соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон худаш расман маҳдудкунии интиқоли нерӯи барқ ба мардумро эътироф карда, ба қавли АМИТ “Ховар” бо дастури ӯ “аз 11-уми январи соли равон дар мамлакат маҳдудият дар таъмини неруи барқ аз байн бардошта шуд.”

Аммо бо вуҷуди он ки мардум то имрӯз дар аксар манотиқи кишвар бо камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ ҳастанд, дирӯз ширкати “Барқи тоҷик” бо нашри як муроҷиатнома ба мардум гуфтааст, “аз рӯзи 1-уми феврали соли 2023 сар карда маҳдудкунии интиқоли неруи барқ ба роҳ монда мешавад.

Ин ширкат иллати расман ҷорӣ кардани реҷаи интиқоли нерӯи барқ ба сокинонро ба таври худаш шарҳ дода гуфтааст:

“Аз рўйи мушоҳидаҳо, бо дарназардошти тадриҷан афзоиш ёфтани талабот ба неруи барқ дар дохили кишвар, ҳаҷми истеҳсоли он дар давраи сипаришудаи моҳи январи соли 2023 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 300 млн кВт*соат зиёд гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи солҳои қаблӣ 14 фоиз зиёд мебошад.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки дирӯз, Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи кишвар гуфт, ки дар соли 2022 “Тоҷикистон 21 миллиарду 399,5 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар давраи фаъолияти  низоми энергетикии мамлакат мебошад.

Зеро дар ин давра “агрегати 3-юми  Неругоҳи барқи обии «Сарбанд»  ва моҳи октябри соли 2022 агрегати якуми  НБО «Норак» баъди таҷдид расман ба истифода дода шуданд. Инчунин зеристгоҳҳои барқии «Рӯдакӣ» бо иқтидори  100/10 кВ  дар ноҳияи Восеъ, «Вознавд 110/35/10кВ»    ва «Даштаки Ванҷ 110/35/10» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мавриди истифода қарор дода шуданд.

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон мегӯяд, ки пас аз тармим ва таҷдиди зеристгоҳҳои барқӣ дар соли 2022 истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар “нисбат ба соли 2021  775,7 миллион кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш 103,8 фоизро ташкил медиҳад.” Ва ба ҳамин хотир, фурӯши нерӯи барқ ба ҳамосояҳоро афзоиш додааст.

Узбекистон яке аз муштариёни асосии нерӯи барқи содиротии Тоҷикитсон аст. Бо вуҷуди он ки Тошканд аз Душанбе нерӯи барқ мехарад, расман тибқи қарордоде Узбекистон низ дар ҳаҷми 256 мГв нерӯи барқ ба Афғонистон мефурӯшад.

Аммо имсол бо сабаби сармои шадид ва кам шудани истехроҷи гази табиӣ дар чоҳҳои ин кишвар бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ шуд. Ба ин хотир, натвонист уҳдадориҳои худ дар қиболи Афғонистонро сари вақт иҷро кунад. Ҳудуди ду ҳафта интиқоли барқи Узбекистон ба Афғонистон қатъ шуд, сару садои мардум дар Кобул баланд шуд.

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба ҳамтои Узбекистониаш ҳушдор дод, ки Тошканд вазифадор аст, бандҳои қарордоди интиқоли нерӯи барқ ба Кобулро иҷро кунад. Ба қавли ББС, 25-уми январи соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Узбекистонду рӯз пас аз ин ҳушдори вазири корҳои хориҷии Толибон ваъда дод, ки ҷониби Тошканд дар муддати 24 соати оянда уҳдадориҳояшро пурра иҷро намуда, барқи содиротии худ ба Афғонистонро дар ҳаҷми 256 мГв таъмин мекунад.” Ба гуфтаи баъзеҳо, Узбекистон ин 256 мГв-ро аз ҳисоби барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон мефурӯшад.

Сокинон мегӯянд, бо вуҷуди он ки ин муроҷиатномаи ахири ширкати “Барқи тоҷик” сару садоҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамроҳ доштааст, ин ширкат бо дастури Эмомалӣ Раҳмон мисли гузашта мардумро фиреб мекунад. Барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба ҳама сокинони кишвар басанда аст, вале ҳукумат онро на ба мардуми худ намедиҳад, балки ба ҳамсояҳо мефурӯшад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи тоҷикон аз Кореяи Ҷанубӣ

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ дар ин чанд рӯзи ахир бархе аз муҳоҷирони тоҷикро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

Бо фармон ва қарорҳои нави Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар аз як вазифа озод ва ба вазифа дигар таъйин шуданд.

Истирдоди як фаъоли тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон

Мақомоти Лаҳистон ҳафтаи гузашта боз як фаъоли тоҷикро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Чаро ҷавонон ифротгаро мешаванд?

Маънои луғавӣ ва истилоҳии ифротгароӣ Ифротгароӣ дар луғат ба маънои аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан ва зиёдаравӣ кардан аст (фарҳанги форсии Муин, фарҳанги форсии Амид). Калимаҳои мутародиф ва ё ҳаммаъно бо ифрот иғроқ, газофа, муболиға, сахтгирӣ, ғулув ва монанди ин мебошанд.