Фишор болои наздикони сиёсатмадорони боздоштшуда

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои наздикони сиёсатматдорони боздоштшударо бештар карда, дороиҳои онҳоро ба ҳабс гирифтаанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳисоби бонкии раиси пешини Ҳизби демократ ва собиқ вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Шӯрои олӣ Акбаршоҳ Искандаров, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, муовини раиси Ҳизби демократ Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов ва наздиконашонро бастаанд ва хонаводаи онҳо ҳаққи фурӯхтан ё ба иҷора додани хона, бӯстонсаро, ширкат, мошин ва амволи дигарро надоранд.

Инчунин яке аз наздикони сиёсатмадорони боздоштшуда гуфтааст, ки бар асоси мактуби мақомот ӯро аз ҷойи кораш рондаанд.

Дар баробари фишор, мақомот ба наздикони боздоштшудаҳо иҷозати мулоқот бо ин чеҳраҳои шинохтаро надодаанд ва то кунун ҳеч иттилое дар бораи шароити будубош, вазъи саломатӣ ва чигунагии тафтиши қазияи онҳоро надоранд.

Гуфта мешавад, аксари вакилони дифоъ ҳимояи ин чеҳраҳои шинохтаро ба дӯш намегиранд ва то кунун на ҳама боздоштшудаҳо вакили дифоъ доранд.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, ба ҷуз вакили дифои давлатӣ, дар ҳоли ҳозир танҳо Акбаршоҳ Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимов вакилони дифои мустақил доранд ва вакилони дифоъ низ муваффақ нашудаанд, ки бо зерҳимояҳои худ дар боздоштгоҳ мулоқот кунанд ва дар ҷараёни бозпурсиҳо танҳо вакили дифои давлатӣ ҳаққи ширкатро доштааст.

Хабари фишор болои пайвандони ин афрод ва ҳабси молу дороии онҳо дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба манобеаш менависад, ки мақомот Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистонро рӯзи 12-уми июл озод кардаанд, аммо маълум нест, ки ӯро шартан озод кардаанд ва ё ба ҳабси хонагӣ гузаронидаанд.

Ин чеҳраҳои шинохта, ки беш аз як моҳ аст дар боздошт қарор доранд, парвандаашон муҳри махфӣ дорад ва пайвандону виколони дифоашон ҳаққи суҳбат дар бораи рафти тафтишот бо рӯзноманигоронро надоранд.

Мақомоти Тоҷикистон низ сабаби боздошти аксари онҳоро то ҳол расман шарҳ надодаанд.

Ин боздоштҳои густардаи чеҳраҳои шинохта дар пайи боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили собиқи парлумон, ки 12-уми июни соли ҷорӣ дастгир шуд, сурат гирифт. Мақомот Усмонзодаро бо иттиҳоми ғасби ҳокимият дастгир карда буд ва Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон низ вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯро дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва “дигарон” кушода шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳти назорат қарор доранд

Ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати шахсони таҳти...

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар Тоҷикистон

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар ТоҷикистонИқтисоди...

Қимори Тоҷикистон рӯи истихроҷи литий бар пайи уфти қимати он

Мақомоти Тоҷикистон нақша доранд лоиҳаи истихроҷи литийро дар кони...

Мушкили коркарди нафт дар Русия ва таъсири он ба Тоҷикистон

Ҳаҷми коркарди нафт дар Русия то поёнтарин сатҳ дар...