13.9 C
Dushanbe

Фоидаи муфти “Рушди раҳнавард”, солона 11 млн доллар

Рӯзнманигор, Ёқуб Ҳалимов дар як таҳқиқоти худ собит сохта, ки ширкати “Рушди раҳнавард” – масъули анҷом додани ташхиси ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёт, бидуни ҳеҷ хизмате солона бештар аз 11 миллион доллар фоида ба даст меорад.

Торнамои “CABAR.asia” менависад, ки ин ширкат амалан ҳеч хизмате анҷом намедиҳад ва ба ҷамъоварии даромад аз ҳисоби ташхиси “рӯи коғаз” машғул аст. Ба навиштаи ин торнамо дар Тоҷикистон ҳудуди 500 ҳазор воситаи нақлиёт – мошини сабукрав, борбар, мусофирбар – мавҷуд аст, ки ҳамаи ин мошинҳо дар сол як маротиба аз ташхиси техникӣ (техосмотр) мегузаранд.

“Ташхис барои мошинҳои сабукрав 250 сомонӣ (тақрибан 22$) ва барои дигар навъи нақлиёт 350 сомонӣ (наздики $31) муқаррар шудааст. Даромади тахминӣ аз ташхиси мошинҳо дар як сол зиёда аз 132 млн сомонӣ ё бештар аз 11,5 млн долларро ташкил медиҳад”, менависад муаллиф.

Ширкати “Рушди раҳнавард”, ки ҳоло монополисти ин бозор маҳсуб мешавад, ба чи касе таллуқ дорад?

Муаллифони таҳқиқот навиштаанд, ки дар бораи ин ширкат дар манбаъҳои озод – сомонаҳо, расонаҳо – маълумоти хеле кам мавҷуд аст. Ин ширкат бо вуҷуди он ки фаъолияти густарда дорад, сомонае надорад, ки дар барои фаъолияташ иттилоъ бидиҳад.

“CABAR.asia” дар ҳамин ҳол менависад, ки дар ҷараёни таҳқиқот мушаххас шуд, ки – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи (ҶСП) “Рушди роҳнавард” амалан дар суроғаи пешини ҶСП “Фароз” ҷойгир аст. Ҳамчунин муайян гардид, ки дар “Рушди роҳнавард” бархе аз кормандони пешини ҶСП “Фароз” фаъолият доранд.

Мудири ин ширкат Ҷунайдулло Ширинов аст, ки дар гузашта мудири ҶДММ “Муоинаи техникии автомобилии пойтхат”-и марбут ба “Фароз” буд.

Ширкати мазкур 10 майи соли 2019 дар мақомоти андози Тоҷикистон сабт шуда ва зоҳиран хизматрасониҳои марбут ба бахши воситаҳои нақлиётро, ки пештар “Фароз” мерасонд, ҳамакнун “Рушди роҳнавард” соҳиб шудааст. “Рушди роҳнавард” дар Тоҷикистон ташхиси ҳатмии техникии мошинҳоро анҷом медиҳад, рақамҳои “зебо”-и қайди давлатиро тавассути музояда ба фурӯш мегузорад ва фаъолияти мактабҳои ронандагиро пеш мебарад.

Дар бораи чигунагии тарзи гузаронидани ташхиси техникии ин ширкат муаллифи ин таҳқиқот бо нияти озмоиш ду моҳи пеш мошини худро аз ташхису муоина гузаронид ва 4 соати дигар мушоҳида карда, ки нуқтаи ташхиси техникии ҶСП “Рушди роҳнавард”, воқеъ дар кӯчаи Ҷ. Расулов, 75 (нишондоди харитаи Google), шаҳри Душанбе чӣ гуна фаъолият мекунад.

“Бино ба талаботе, ки дар ташхисгоҳ овезон аст, ҳангоми ташхиси техникӣ қисмҳои зерини воситаи нақлиёт бояд санҷида шаванд:

– чарҳо

– муҳаррик ва сохтори он

– чамбарак

– дигар ҷузъиёти нақлиёт

– системаи тормоз

– шишаҳо ва низоми тозасозии шишаҳо, обпошакҳо

– чароғҳову чароғакҳо ва ғайра.

Дар сурати корношоям будани яке аз ин қисмҳо воситаи нақлиёт бояд барои таъмир фиристода шавад ва танҳо баъди таъмир дубора ба ташхисгоҳ оварда ва аз сари нав аз ташхис гузарад. Аммо бино бар озмоиш ва мушоҳидаи муаллиф дар нуқтаи ташхиси техникии воқеъ дар кӯчаи Ҷ. Расулов 75, на танҳо воситаҳои нақлиётро ташхис намекунанд, балки бидуни ҳузури воситаҳои нақлиёт низ ҳуҷҷати гузаштан аз ташхисро медиҳанд”.

Нуктаи ҷолиби дигари ин таҳқиқ он буда, ки зӯри кормандони БДА ба ин ширкат намерасад ва дар ҳоли мушкил доштани воситаи нақлиёт агар ронанда ба ин ширкат ишора кунад ӯро раҳо мекунанд.

Муаллиф менависад, ин дар ҳолест, ки таҳқиқи журналистӣ ва изҳороти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ собит карда, ки дар Тоҷикистон бидуни гузаштан аз ташхиси техникӣ метавон, санад дарёфт кард, аммо БДА мегӯяд, дар соли 2020 (то моҳи декабр) “ҳолатҳои бе гузаштан аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ соҳиби талони муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гаштан, аз сӯи БДА ошкор карда нашудааст”.

Ва суоли асосии муаллифи таҳқиқот ҳам ин буда, ки рафту кадом воситаи нақлиёти афгор, ки дар ивази маблағ аз ташхис гузашта ба садама дучор шавад, кӣ гунаҳкор ҳисобида мешавад – БДА, ширкати ташхискунанда ё соҳиби мошин?

Бояд гуфт, ки “Фароз” ширкати марбут ба Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон буд, ки дар моҳи апрели соли 2020 аз қатъи фаъолияти худ хабар дод. “Фароз” чандин самтро дар Тоҷикистон инҳисор карда буд, аз ҷумла хариду фурӯши сӯзишворӣ, ҷамъоварии шираи камол, сайёҳати лижаронӣ, кандани конҳо ва ғайра.

Ин ширкат ҳамчунин дар чанд шаҳру ноҳияҳои кишвар мактабҳои ронандагӣ ва нуқтаҳои ташхиси техникӣ дошт. Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон бо номи худаш 5 июли соли 2011 ширкати “ГЛАТТО МЕНЕДҶМЕНТ ЛТД”- ро дар ҷазираҳои Вирҷинё сабт кардааст. Гуфта мешавад дар активи ин ширкат беш аз 800 миллион доллар мавҷуд аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.