Гуфтугӯи Раҳмонов ва Ҷабборов дар бораи марз

Имрӯз, 13-уми октябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек, президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов масъалаи марзи ду кишварро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон, Раҳмонов ва Ҷабборов вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи ҳамешагии сиёсиро дар сатҳи олӣ идома медиҳанд.

Инчунин дар рафти мулоқот дар бораи таъйини “хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва тавофуқҳое, ки чанде пеш дар ин самт ҳосил шуда буданд”, гуфта шудааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, раҳбарони ду кишвар ба кори ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба аломатгузории марз баҳои мусбат дода, аз “фаъолсозии минбаъдаи кор изҳори ҷонибдорӣ намуданд”.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 2-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор шуда буд.

Дар ин ҷаласа раҳбарони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, “Протоколи 44”-ро ба имзо расониданд. Вале ҳарду тараф аз ҷузъиёти ин протокол чизе нагуфтанд.

Аммо, Нурғозӣ Анорқулов, рӯзноманигори наздик ба ҳукумати Қирғизистон, худи ҳамон рӯз дар саҳифаи фейсбукияш навишта, ки “Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ даст кашид”.

Навиштаи ин рӯзноманигор сару садоҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

Инчунин 8-уми октябри соли ҷорӣ мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз мувофиқаи гурӯҳҳои маконнигории ҳарду тараф бар сари таъйини 43,32 километри дигари сарҳад хабар доданд. Маълум нест, ки гап дар бораи кадом қитъаи марз меравад.

Ҷониби Тоҷикистон дар аксар ҳолат аз ҷузъиёти нишастҳо ба расонаҳо чизе намегӯяд, ки ин амали мақомоти тоҷик мавриди танқиду норозигии мардум қарор гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.