Гумонбар дар ҳамлаи Қазонро дар Тоҷикистон боздошт карданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни русаш гумонбар дар ҳамла ба як зан дар шаҳри Қазонро дар Тоҷикистон боздошт кард.

Бино ба иттилои намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк, 14-уми октябри соли ҷорӣ дар назди яке аз хонаҳо дар кӯчаи Восстанияи Қазон марди номаълум ба зани 34-сола ҳамла карда, бо корд ба тани ӯ чандин зарба задааст.

Дар натиҷа ин зан бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол дода шуд. Мақомоти тафтишотӣ дар Ҷумҳурии Тотористон гумонбарони асосии ташкили ҳамла, аз ҷумла ду хешованди ҷабрдида, ки якеаш шавҳари ин зан гуфта мешавад ва роҳбари хадамоти амнияти як ширкати хусусиро боздошт кардааст.

Илова бар ин, ду нафаре, ки ба омодасозии ҷиноят кумак кардаанд, низ дастгир гардиданд.

Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, иҷрокунандаи асосии ҳамла марди 30-сола, зодаи яке аз кишварҳои хориҷии наздик буда, пас аз содир кардани ҷиноят ӯ ба Тоҷикистон фирор кардааст, аммо дар натиҷаи амалиёти муштараки Вазорати корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон боздошт шуд.

Айни замон масъалаи истирдоди ӯ ба Русия мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса ва ному насаби ҳамлавар то ҳол дастраси расонаҳо нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Коллегияи муштараки ВКД Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Роҳбарони ниҳодҳо Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимзода масоили ҳамкории воҳидҳои тафтишотӣ ва мубодилаи иттилоотро баррасӣ намуданд. Вазири рус таъкид кардааст, ки механизмҳои таъсисёфтаи ҳамкорӣ имкон медиҳанд, ки ҷиноятҳо тезтар ошкор ва таҳқиқ шаванд. Ӯ ҳамчунин аз ҷониби Тоҷикистон барои саҳмаш дар ғанӣ гардондани пойгоҳи маълумот, аз ҷумла бо ирсоли аксҳои афроди дар ҷустуҷӯбуда, изҳори миннатдорӣ кард.

Тибқи маълумоти ВКД-и Русия, танҳо дар нуҳ моҳи соли 2025 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия тақрибан 400 нафареро боздошт карданд, ки аз ҷониби ВКД-и Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор доштанд. Ин шумора қариб ду баробар бештар аз нишондиҳандаи соли гузашта мебошад.

Ғайр аз ин, дар доираи таҳкими ҳамкории дуҷониба намояндагиҳои Вазорати корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав ифтитоҳ ёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.