32.9 C
Dushanbe

Гурснанишинии занони тоҷик дар зиндонҳои Ироқ

Гурӯҳе аз занони тоҷик, ки дар зиндонҳои Ҷумҳурии Ироқ ба сар мебаранд, ба нишони эътироз нисбати иттиҳомоте, ки алайҳи онҳо аз ҷониби мақомоти ин кишвар эълон шудааст, гурснанишинӣ эълон карданд.

Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ки дида мешавад, ҳудуди 7-8 зан бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва худро шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ карда, мегӯянд, ки дар зиндони Ар-Расофаи шаҳри Бағдод бо иттиҳомоти сохта зиндонӣ шудаанд.

Ба гуфтаи занони зиндонии тоҷик, наворро дар торихи 24-уми апрели соли ҷорӣ сабт кардаанд. Онҳо бо нашри он ва баёни эътирозашон аз мақомоти Ироқ хостори озодии фарвии худ шудаанд.

“Ҳамаи моро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо роҳи фиреб, таҳдид ва бо фишори Хадамоти махсус шоҳидӣ гирифта, дар натиҷа ҳамаи моро бо айбҳои беасос ба муҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд.”, мегӯянд занҳо дар навори муроҷиатӣ.

Занони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди он ки дар амалиёти террористӣ ва ҷангҳо иштирок накардаанд, боз ҳам иттиҳомоти сангинеро алайҳи онҳо эълон карда, равонаи зиндонашон кардаанд.

Онҳо ҳамчунин таъкид мекунанд, ки айни ҳол дар маҳбасе қарор доранд, ки “дар он ҷо мо аз имкони дидани фарзандон, хешу табор ва дӯстон ва ғизои муқаррарӣ маҳрумем“.

Ин занҳои маҳбуси тоҷик низ аз он шикоят карданд, ки аз оддитарин ҳуқуқҳои инсонӣ дар зиндони мазкур маҳруманд ва аз ин сабаб аксари маҳбусон ба бемориҳои музмин гирифтор шуда, ҳатто нафарони зиёде ҳам фавтидаанд.

То ҳол дар бораи ин навор вокуниши мақомоти кишвари Ироқ ва ё мақомоти тоҷик расонаӣ нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар давлати Кувейт Зубайдулло Зубайдзода дар бораи баргардонидани шаҳрвандони тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикстон бо мақомоти он гуфтугӯ карда буд.

Аммо, ба гуфтаи бархе коршиносон, раванди бозгардонии шаҳрвандони тоҷик, ба хусус занону кӯдакон, ки бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ ва ширкат дар ҷангҳои Сурия дар зиндонҳои Ироқ ба шиканҷаҳои шадид рӯбарӯ ҳастанд, бисёр кунд пеш меравад.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, ҳоло 36 зани тоҷик ҳамроҳи фарзандонашон дар зиндонҳои Ироқ ба сар мебаранд. То кунун мақомоти тоҷик ду занро ҳамроҳи фарзандонашон аз зиндонҳои ин кишвар ба Ватан бозгардонидааст. Омори дақиқ дар бораи теъдоди зиндониён аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ироқ дастрас нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ дар Олмон

Ҷамъе аз фаъолони олмонӣ ва тоҷикистонӣ тасмим гирифтаанд, ки ҳафтаи оянда се ҳамоиши эътирозӣ дар Берлин - пойтахти Олмон баргузор кунаад.

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.