21.9 C
Dushanbe

Гурӯҳи 44: агар Ифтихор озод нашавад даст ба гирдиҳамоӣ мезанем!

Ифтихор Саидбеков аъзои “Гурӯҳи 44” аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон боздошт шудааст.

Аз боздошти боздошти Ифтихор фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ба расонаҳо хабар дода, онро фишори навбатии мақомот болои фаъолон номидаанд.

Ҳуқуқшинос Фаромуз Иргашев, яке аз аъзои “Гурӯҳи 44” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта, ки Ифтихор Саидбеков ҳангоми убури роҳ, рӯзи 10-уми март дар посгоҳи БДА дар ҳудуди маҳаллаи Тирчиди Хоруғ боздошт шуда, мавриди латту куб қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи Иргашев, ҳудуди 20 нафар аз аъзои “Гурӯҳи 44” аз раҳбарони ВМКБ ва шаҳри Хоруғ бо навиштани нома талаби раҳоии фаврии Саидбековро кардаанд. Фаъолони ин гурӯҳ мегӯянд, агар мақомот талаби онҳоро иҷро накунад, дар маркази шаҳр гирдиҳамоӣ ташкил хоҳанд кард.

Раёсати ВКД-и Бадахшон мегӯяд, ки Ифтихор Саидбековро на барои фаъолиятҳояи сиёсиаш, балкӣ барои авбошӣ ва дашноми кормандони милитсия боздошт кардаанд.  

Дар ҳамин ҳол, Фаромуз Иргашев, мегӯяд, ки дар чанд рӯзи охир 7 сокини шаҳри Хоруғ, ки бо “Гурӯҳи 44” ҳамкорӣ мекарданд, боздошт шудаанд ва мақомот мехоҳад бо ин кор ба фаъолони гурӯҳ фишор орад.

Вазъ дар Бадахшон рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта баъди кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар як амалиёти нерӯҳои қудратӣ бад шуд. Баъди бераҳмона кушта шудани Гулбиддин, сокинони маҳаллӣ дар назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, чаҳор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд. Эътирозгарон танҳо пас аз он пароканда шуданд, ки мақомот ваъдаи таҳқиқи марги Гулбиддин, ба ҷавобгарӣ накашидани эътирозгарон ва боз кардани дастрасӣ ба Интернет дар Бадахшонро доданд. “Гурӯҳи 44” низ он замон барои таҳқиқи ин ҳодиса ташкил шуда буд. Ҳоло сокинон мегӯянд, ки мақомот ба ягон ваъдаи худ вафо накард, баръакс мақомот чанд тан аз сокинони ин вилоятро боздошту фишор болои фаъолонро бештар кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.