19.9 C
Dushanbe

Хариду фурӯши узвҳои инсон: Дар клиникаи “Истиқлол”-и Душанбе чӣ мегузарад?

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон як гурӯҳи ҷиноятиеро ошкор кардаанд, ки ба хариду фурӯши ғайриқонунии узвҳои инсон муттаҳам мешаванд.

Расонаҳои узбекӣ бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар ҳамсоя хабар медиҳанд, ки ин гурӯҳ донорҳо ва беморҳоро ба клиникаи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе бурда, ҷарророҳӣ мекардаанд.

Гуфта мешавад, дар пайи ин қазия ҳоло як сокини 36-солаи Тошканд, ки қаблан барои авбошӣ зиндонӣ шудааст, ҳамроҳи ҳамсараш боздошт шудаанд.

Тавре тафтишот муайян кардааст, гумонбарон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста шахсонеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки омода буданд узвҳои худро фурӯшанд. Барои ҷалби муштариён, ин оилаи гумонбар наворҳои видеоиро дар бораи беморони ниёзманд ба пайвандсозӣ нашр намуда, ҳисси ҳамдардии истифодабарандагонро бедор мекарданд ва ҳамзамон хизматрасониҳои хариди узвҳоро таблиғ менамуданд.

Пас аз ба даст овардани розигӣ, донорҳоро ба шаҳри Душанбе мебурданд, ки дар клиникаи «Истиқлол», ба гуфтаи ВКД, амалиёти ҷарроҳӣ анҷом дода мешуд. Донорҳо барои узвҳои худ маблағи пулӣ мегирифтанд ва ин узвҳо ба беморони дигар пайванд карда мешуданд.

Ҳамчунин муайян шудааст, ки худи гумонбар қаблан амалиёти пайвандсозии гурдаро аз сар гузаронидааст, аммо маълум нест, ки ин амалиёт ба ин нақша иртибот дорад ё на.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инчунин шахсони дигареро муайян карданд, ки эҳтимолан ба ин фаъолияти ғайриқонунӣ мусоидат намудаанд. Аз ҷумла, бархе мудирони каналҳо ва саҳифаҳо дар Telegram, Instagram ва YouTube низ дар паҳн кардани эълонҳо ва ҷустуҷӯи донорҳо ва беморон иштирок доштаанд.

Аз рӯи ин ҳолат бо қисми дуюми моддаи 133-1 Кодекси ҷиноятии Узбекистон, яъне “хариду фурӯши узвҳои бадан” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифтан шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон тамоми ҳолатҳо ва инчунин эҳтимоли даст доштани муассисаҳои тиббӣ ва шахсони дигар, аз ҷумла дар ҳудуди шаҳри Душанберо муайян мекунанд.

То лаҳзаи нашри хабар аз ҷониби намояндагони клиникаи «Истиқлол» ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон шарҳи расмӣ пешниҳод нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Покистону Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳуқуқиро тақвият мекунанд

Покистону Тоҷикистон тасмим доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ густариш диҳанд.

Қатли бераҳмонаи ду хоҳар ва як кӯдак дар Кӯлоб

Шаби 2-уми апрели соли ҷорӣ ду зан ва як кӯдаки шашсола дар шаҳри Кӯлоб кушта шуданд.

Марги як наваскар дар роҳ ба сӯи Душанбе

Рӯзи 2-юми апрел дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари канда шудани сангпора аз кӯҳ ва бархӯрди он ба автобусе, ки наваскаронро интиқол медод, як ҷавон ҷон бохтааст.

ВКД Қирғизистон: зарари расондаи Тошиев ба иқтисоди Қирғизистон беш аз 4,1 млрд аст

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳаҷми зараре, ки вакили собиқи парлумон Шаирбек Ташиев ба иқтисоди ин кишвар расондааст, эълон кард.