14.9 C
Dushanbe

HRW аз идомаи саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон гуфт

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, ки дар соли 2023 саркӯби садоҳои мустақил ва интиқодӣ дар Тоҷикистон бо бастани иҷбории садҳо созмони ғайридавлатӣ, боздошти бисёре аз блогерон барои ибрози назар дар бораи сиёсати ҳукумат ва бо мамнуъ ё маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои динӣ идома ёфт.

Дар гузориши ин созмон, ки рӯзи 11-уми январ нашр шудааст, гуфта мешавад, Додгоҳи олӣ моҳи июни соли 2023 манбаи интернетии “Тоҷикистони нав 2”-ро, ки ба “Гурӯҳи 24” тааллуқ дорад, “ифротӣ” эълон карда, ҳисобҳои муаллифони онро дар Telegram, Facebook, YouTube ва Instagram баст.

Ин чунин гуфта мешавад, ба ин монанд Додгоҳи олӣ сомонаи “Pamir Daily News”-ро ки бештар ахбори ВМКБ-ро пӯшиш медиҳад, ифротӣ ва дар кишвар мамнуъ эълон кард.

Дар пайи мамнуъ эълон шудани ин сомонаҳо, аз ҷониби ҳукумати таъкид шуда, ки ҳар нафаре бо сомонаҳои мамнуъкардаи мақомот ҳамкорӣ кунад ба ӯ то ҳашт соли зиндон таҳдид мекунад.

Гузоришгарони ин созмон аз 7 соли зиндон маҳкум шудани хабарнигори мустақил Хуршед Фозилов ва боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати рӯзноманигори шинохта Рустами Ҷонӣ низ гуфтаанд.

Human Rights Watch мегӯяд, ки ҳизбҳои сиёсие, ки мақомот онҳоро “таҳдид” меҳисобанд ба мисли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва “Гурӯҳи 24” мамнуъ боқӣ мондаанд.

Раҳбарони ҲНИТ ва аъзои қатории он ин чунин дигар зиндониёни сиёсӣ, ки қаблан ба ҳабси тӯлонӣ ё ҳабси абад маҳкум шуда буданд, бо вуҷуди даъватҳои байналмилалӣ барои раҳоии онҳо, ҳамоно дар зиндон боқӣ монданд.

Инчунин моҳи июл додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба 21 соли зиндони вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, ки қабл аз ҳукми нахустинаш дар соли 2015 аз аъзои ҲНИТ дар Тоҷикистон дифоъ мекард, 10 сол илова кард. Мурофиаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста ва бидуни вакили мудофеъ сурат гирифт.

Дар гузориши ин созмон аз ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз раҳбарони ҲНИТ аз Олмон ва Низомиддина Насриддинов, собиқ узви “Гурӯҳи 24” аз Белорус ва зиндонӣ шудани онҳо омадааст.

Моҳи сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон наздикони аъзои “Гурӯҳи 24” ва дигар фаъолонро, ки дар ҷараёни боздиди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон, ки бо Олаф Шолс мулоқот дошт, эътироз карданд, боздошт шуда буданд.

Гузоришгарони Human Rights Watch мегӯянд, дар соли 2023 саркӯби фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бас нашуд.

Пас аз ҳодисаҳои хунини солҳои 2021-2022 дар Бадахшон, таъқиби ҳомиёни ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, фаъолони помирӣ ва рӯзноманигороне, ки ин вазъро инъикос мекарданд, идома ёфт ва мақомоти Тоҷикистон бо бастан ва ё миллӣ кунонидани муассисаҳои Сандуқи Оғохон, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатие, ки аз ҷониби ин бунёд маблағгузорӣ мешаванд, оғоз карданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 мақомот аз баста шудани 239 созмони ғайриҳукуматӣ (беш аз 500 созмони ғайриҳукуматӣ дар соли 2022) хабар доданд. Аз ин шумора панҷ созмонашон, аз ҷумла Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир ва ду гурӯҳи ҷавонон, дар моҳи май дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо гумони “пайвандӣ бо гурӯҳҳои ҷиноии маҳаллӣ” баста шуданд.

Гуфта мешавад, пас аз тазоҳуроти осоиштаи сокинони ВМКБ то имрӯз 205 нафар ба муҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон шудаанд. Аксари зиндониҳо ба хешовандонашон хабар доданд, ки мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин Дидбони Ҳуқуқи Башар аз нақзи озодии дин, зӯроварӣ дар оила нисбати занон ва духтарон, мавриди таъқиб ва сӯиистифода қарор гирифтани ҳамҷисгароён аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ва муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гузориш додааст.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки созмонҳои ҳуқуқӣ ва кишварҳои ғарбӣ мақомоти Тоҷикистонро барои саркӯби дигарандешон мавриди интиқод қарор медиҳанд, аммо ҳуқумати кишвар ин танқиду тавсия ва талаби созмонҳоро нодида гирифта, то рафт вазъи озодиҳои инсонӣ дар кишвар бадтар мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабси пешакии ронандаи автобус

Додгоҳи Санкт-Петербург ронандаи автобусеро, ки рӯзи 10-уми май ба дарёи "Мойка" сарозер шуд, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

USCIRF: Бар зидди Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ карда шавад!

Комиссия байналмилалии Амрико дар умури озодиҳои динӣ аз мақомоти кишварарш хоста, ки алайҳи бархе мақомодорон ва ниҳодҳои Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ кунанд.

Фишор болои модари Бахтовар Ҷумъаев

Бахтовар Ҷумъаев, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз афзоиши фишори мақомоти Тоҷикистон болои пайвандонаш хабар дод.

Ҳалокати 3 нафар дар пайи сарозер шудани автобус ба дарё

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як автобус бо 20 мусофир ба дарёи "Мойка" сарозер шуд.