Яке аз маҳкумшудагон дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл” дар боздоштгоҳи тафтишотии “Матросская тишина”-и Маскав худкушӣ кардааст.
Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН)-и Русия бидуни зикри ном иттилоъ додааст, ки ба маҳкумшуда дар ҷои ҳодиса ёрии таъҷилии тиббӣ расондаанд, аммо натиҷа надодааст. Ба иддаои ин ниҳод, айни замон тафтиши ҳодиса идома дорад ва натиҷаҳои он дертар эълон хоҳанд шуд.
Бо вуҷуди наовардани ном, расонаҳои Русия дар истинод ба манобеашон аз маҳкумшудае, ки даст ба худкушӣ задааст Юсуфзода Яқубҷони Давлатхони 37-сол, ки дар боздоштгоҳи “Матросская тишина” нигоҳдорӣ мешуд, ном бурдаанд.
Гуфта мешавад, Яқубҷони Давлатхон зодаи Тоҷикистон буда, моҳи марти соли 2026 дар доираи парвандаи пурсарудои ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл” ҳамроҳи ҳашт зодаи дигари Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум гардида буд.
Ба иддаои тафтишот гӯё ӯ чанд рӯз пеш аз ҳамла барои пардохти манзили иҷрокунандагони ҳамла маблағ додааст ва қисми маблағро пас аз содир шудани ҷиноят ба яке аз онҳо фиристодааст.
Корбарон ба худкушии ин зодаи Тоҷикистон бовар надоранд ва мегӯянд, ки эҳтимол ӯ аз шиканҷа ҷон додааст.
Ёдовар мешавем, ки шоми 22-юми марти соли 2024 пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чор нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде ин бино оташ гирифт. Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 149 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 609 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва 1 нафар бе ному нишон шудааст. Бино ба баҳогузории Кумитаи тафтишотӣ, зарари умумии расонидашуда тақрибан 6 миллиард рублро ташкил медиҳад.
Дар доираи ин ҳодиса 12-уми марти соли ҷорӣ, Додгоҳи ҳарбии Маскав пушти дарҳои баста Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализодаро, ки аз онҳо муттаҳамони асосии ҳодиса ном бурда мешавад, ҳамроҳи 11 нафари дигар, ки 2 нафарашон зодагони Ингушистон ва боқимонда аз Тоҷикистон мебошанд, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.
Бар асоси ҳукми додгоҳ, онҳо як қисми ҳукмро дар маҳбас ва дигарашро дар муассисаи низомаш махсус сипарӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин 990 ҳазор рублӣ (12,5 ҳазор доллар) ҷарима бояд пардохт кунанд.
Ҳамчунин дар ин мурофиа додрас Алишер Қосимов, шаҳрванди Қирғизистонро, ки гӯё ба иҷрокунандагони ҳамла хона иҷора додааст, ба 22 солу 10 моҳ ҳабс маҳкум карда, хонаи ӯро дар Подмосковйе мусодира карданд.
Исроил Имломов ҳамроҳи ду писараш Диловар ва Аминҷон, ки ба гуфтаи додгоҳ, ба гумонбарон мошин фурӯхтаанд, ҳар кадоме ба 19 солу 11 моҳи ҳабс маҳкум шуданд. Додгоҳ қарор кардааст, ки аз ҳисоби маҳкумшудаҳо ба фоидаи ҷабрдидаҳо 200 миллион рубл ситонда шавад.
Назари гумонбарон ба ҳукми додгоҳ маълум нест, аммо дар гузашта баъзе аз онҳо иттиҳомоти мақомоти Русияро сохта номида, рад карда буданд. Бояд гуфт, ки гумонбарон замони боздошт мавриди шиканҷаи сахт ва бераҳмона қарор гирифта буданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуд. Баъдтар ҳам дар мурофиаи додгоҳии аввал онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯи вараму хуншор намоиш дода буданд.
