35.9 C
Dushanbe

Хуршед Фозилов барои 7 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Панҷакент рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик Хуршед Фозиловро барои 7 сол равонаи зиндон кард. 

Бино ба иттилои “Asia-Plus” мурофиаи дувум ва охири додгоҳии ин рӯзноманигор имрӯз, 26-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бо ширкати наздиконаш баргузор гардидааст. Худи ӯ ва пайвандонаш аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

Дар мурофиаи аввал, яъне дирӯз додситон барои Хуршед Фозилов 7 солу 6 моҳ зиндон талаб карда буд. 

Маълум нест ин рӯзноманигори тоҷик дар рафти мурофиаҳои додгоҳӣ чӣ гуфтааст, аммо вакили дифоаш Анвар Бобохонов гуфта буд, ки иттиҳом нисбати зерҳимояааш беасос аст ва аз додрас хостааст, ки ин рӯзноманигорро аз толор озод кунад.

Пештар аз ин модари рӯзноманигор аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ки баррасии парвандаи писарашро зери назорат гирифта, ӯро озод кунад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов 6-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт шуд. 

Баъд аз боздошт мақомот ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар донистанд. Аммо худи Фозилов иттиҳоми мақомотро рад карда гуфтааст, ки танҳо дар доираи қонун фаъолият дошт. 

Ин рӯзноманигор дар суҳбат бо вакилаш гуфтааст, мақомоти амниятии кишвар ӯро маҷбур кардаанд то бар зидди худаш шаҳодат диҳад.

Хуршед Фозилов аз боздошти худсарона, риоя накардани дахлнопазирии шахсӣ ва маҷбуран шоҳидӣ додан алайҳи худ, ба додситонии вилояти Суғд шикоят кард. 

Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Дар як соли охир мақомоти кишвар чанд тан аз рӯзноманигорону блогерони шинохтаро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии онҳоро талаб кардаанд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Саркӯбҳо дар кишвар боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот поёнтар аз Афғонистон, ки онҷо зимоми қудратро Толибон дар даст доранд, қарор бигирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.