6.9 C
Dushanbe

ИА аз Тоҷикистон озодии маҳбусони сиёсиро талаб кард

17-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел даври 15-уми муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

Дар ин нишаст ҷонибҳо вазъи ҳуқуқи занон, мубориза бо зӯроварии гендерӣ ва табъиз дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Иттиҳоди Аврупо аз талошҳои Тоҷикистон барои таҳкими заминаи ҳуқуқӣ дар ин самт истиқбол намудаааст ва аз мақомоти кишвар даъват карда, ки уҳдадориҳояшро дар ин самт дар амал татбиқ намоянд.

Инчунин дар ин нишаст пешгирии шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ, инчунин ислоҳоти низоми зиндонҳо низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, Иттиҳоди Аврупо аз зарурати таъсиси низоми мустақили мониторинг ва назорати додгоҳӣ дар Тоҷикистон гуфтааст.

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз ҳифзи озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодии баён дар Тоҷикистон гуфта, аз вазъи рӯзноманигорон, ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори нигаронии ҷиддӣ карданд.

ИА аз мақомоти Тоҷикистон даъват намуда, ки созмонҳои ҷамъиятиеро, ки маҷбур ба қатъи фаъолияти худ шудаанд, дубора ба қайд гиранд ва рӯйхати мушаххаси ҳомиёни ҳуқуқ, вакилони дифоъ ва рӯзноманигорони боздоштшударо ба намояндагони Тоҷикистон бо талаби озод кардани фаврӣ ва бидуни шарт пешниҳод кардааст.

Маълум нест, ки дар ин рӯйхат номи киҳо оварда шудааст, вале ҳоло дар зиндонҳои кишвар бо иттиҳомоти сохта даҳҳо рӯзноманигору фаъоли ҷомеа ва ҳомии ҳуқуқ адои ҳукм мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз набудани пешрафт дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ намуда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки бо ақаллияти помирӣ гуфтугӯи ошкоро ва созандаро роҳандозӣ намоянд ва меъёрҳои байналмилалии мурофиаи одилонаро риоят кунанд.

Пештар Иттиҳоди Аврупо дар моҳи июли соли 2024 бо қабули қатъномае аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз мақомоти кишвар хоста буд, ки нақзи ҳуқуқи инсонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ кунад.

Дар рафти мулоқот Иттиҳоди Аврупо таҳияи қонунгузории нав дар самти ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон пешрафти мусбат арзёбӣ намудааст, вале ҳамзамон таъкид карда, ки иҷрои дурусти он аҳамияти асосӣ дорад.

Иттиҳоди Аврупо гуфта, ки муколамаҳои мунтазам дар мавриди волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон сутуни асосии муносибатҳои дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон боқӣ монда, Брюссел пешрафти воқеӣ дар соҳаҳои плюрализми сиёсӣ, озодии баён, истиқлоли ВАО ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон дар баррасии дархости Ҳукумати кишвар барои шомил шудан ба барномаи GSP+ аҳамияти калидӣ дорад.

Дар охир Иттиҳоди Аврупо дубора таъкид карда, ки ҳамкории муваффақи иқтисодӣ дар доираи EPCA танҳо дар сурате имконпазир хоҳад буд, ки агар ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон тақвият ёбанд ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ таъмин гардад.

Талаби ИА аз мақомоти Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар кишвар вазъи ҳуқуқи инсон ва озодии баён сол ба сол хеле бад шуда, Ҳукумат бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ садҳо мухолифи худ, рӯзноманигорон, фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон кардааст ва ҳатто дар ВМКБ чандин фаъолро низ ба қатл расонидааст.

Назари ҳукумат дар мавриди гуфтушунидҳо ва то куҷо ин талаботи ИА-ро барои пайвастан ба низоми GSP+ иҷро мекунад маълум нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷойивазкунии навбатии мақомдорон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар чанде аз сафоратхонаҳои кишвар дар хориҷ ва як вазорат тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро анҷом дод.

Пулиси Душанбе дар 15 мактаб корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронд

Пас аз муноқишаи гурӯҳии ноболиғон, ки ян наврас кушта ва як каси дига захмӣ шуд, мақомоти пулиси пойтахт чораҳои зиддиҷиноятиро роҳандозӣ карданд.

Ин мушкили барқ кай ҳал мешавад? Шикояти сокинон аз бебарқӣ

Баъзе сокинон аз вилояти Суғд ва Хатлон аз он шикоят доранд, ки аз ҳоло барқ надоранд ва дар як шабонарӯз тақрибан аз 2 то 4 соат барқ дода мешавад.

Дар Тоҷикистон “WhatsApp” ва “Telegram” маҳдуд мешаванд?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъолияти як паёмрасони нави миллӣ бо номи "ОРИЗ" хабар дод.