Як шаҳрванди хориҷӣ дар Ёвон андозро насупорида фирор кардааст

Мақомоти андози ноҳияи Ёвон мегӯяд, Фернанд Алберт Пиллонели, як шаҳрванди Шветсария муассиси ҶДММ “Эком”, ки дар ноҳияи Ёвон ба коркарди нахи пахта сару кор дошт, аз андоз 1 миллиону 557 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

Бино ба иттилои “Азияи Плюс” ин ширкат 2 марти соли 2009 дар Кумитаи андоз сабти ном шудааст.

Ба гуфтаи сардори Нозироти андози ноҳияи Ёвон, Баҳодур Ализода ширкати мазкур ба коркарди нахи пахта машғул буда, тайи 2-3 соли охир аз фаъолият бозмондааст.

Ализода дар идома гуфтааст:

“Мо барои рӯёнидани қарзи андоз чораҳои маҷбурӣ ситонидани қарзро андешидаем. Аз ҷумла, суратҳисоби ширкатро бастаем, ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият ворид карда шудааст. Ҳамчунин вобаста ба пайдо кардану маҷбуран рӯёнидани қарз нисбати роҳбари ширкат мо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ муроҷиат кардем. Мутаассифона, соҳибмулки ин ширкат аз кишвар берун рафтааст ва ӯро пайдо накарданд”.

Гуфта мешавад, ин ширкат дар руйхати андозсупорандагони бемасъулият, ки дар сомонаи Кумитаи андоз нашр гардидааст, ворид карда шудааст.

Сабаби варшикаста шудани ин ширкат, ки бо сармогузории хориҷӣ фаъолият дошт, то ҳол маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон фаъолияташонро қатъ мекунанд. Ба гуфтаи коршиносони умур, яке аз сабабҳои қатъи фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ ин зиёд будани андоз ва тафтишҳои пайдарпайи мақомот, ҳамчунин рақобати носолим ва аз худ кардани моликияти онҳо аз ҷониби шахсони наздик ба шахси аввали кишвар маънидод мешавад.

Тибқи иттилои нашргардида гуфта мешавад, дар вилояти Хатлон беш аз 130 ширкат, ки муассисонашон ширкатҳову шаҳрвандони хориҷианд, ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин аз ду ширкате низ ном бурда шудааст, ки муасисонашон дар ҷазираҳои Вирҷиниёи Бритониёи Кабир қарор доштаанд, ки яке аз ин ширкатҳо ҶДММ “Корхонаи хиштбарорӣ” дар ноҳияи Данғара аст, ки он низ ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият ворид карда шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.