Дар рӯзҳои аввали соли 2026 се фарзанди маҳбусони сиёсӣ аз узвияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даст кашиданад.
7-уми январи соли ҷорӣ, Шӯрои иҷроияи ҲНИТ бо нашри иттилоияе хабар дод, ки “Шуҳрати Раҳматулло, Муҳаммадиқболи Ҳусайнӣ ва Ҳисомиддини Зубайдулло бо аризаи худ аз сафи ҳизб хориҷ шуданд ва дигар рабте ба ҳизб надоранд”. Аммо ҲНИТ дар иттилоияаш сабаби хориҷ шудани онҳоро аз ҳизб нагуфтааст.
Дар ҳамин ҳол Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, писари зиндонии сиёсӣ ва собиқ муовини аввали раҳбари ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки “раҳбарият ва масъулини кунунии ҳизб бо сабаби иҷро накардани уҳдадориҳои худ ҳизбро ба бунбасти сиёсӣ ва ташкилӣ расонда, дар тӯли зиёда аз даҳ соле, ки ҳизб дар хориҷ қарор дорад ва узви аршади он дар зиндон, барои озодии зиндониёни сиёсӣ ҳеҷ иқдоми ҷиддӣ наандешидааст. Ҳамчунин барои ҳифзи ҳамаи аъзоён талош накарда, ба ҷойи эътирофи мушкилот ва ҳалли онҳо бештар ба гунаҳкор намудани аъзои қатории худ машғуланд. Ва дар ин муддат ягон навоварӣ, ислоҳот ё тағйироти ҷиддие сурат ё пешниҳод нагардидааст, то ҳизберо, ки ҳазорҳо шаҳиду зиндонӣ додааст ва замоне қудратманд буд аз буҳрон барорад”. Ӯ мегӯяд, бо ҳамин сабабҳо аризаи хориҷшавии худро ба Раёсати олии ҲНИТ пешниҳод кардааст.
Ҳамчунин Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ мегӯяд, ки аз сиёсат канор нарафта, бештар ба корҳои ҳуқуқӣ машғул мешавад ва барои озодии маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла падараш Сайидумар Ҳусайнӣ, ки беш аз даҳ сол аст дар зиндон қарор дорад, талош хоҳад кард.
Ҳамзамон Шуҳрати Раҳматулло, писари зиндонии сиёсӣ Раҳматуллоҳи Раҷаб ба Azda.tv гуфт, ки хориҷ шудан аз ҳизб маънои қатъи фаъолиятро надорад ва бо берун шудан аз ҳизб муборизаву мавқеашро нигоҳ медорад ва ба масъалаҳои ҷомеа ва мавзуъҳои сиёсӣ бетафовут нахоҳад монд.
Ӯ низ таъкид кард, ки сабаби рафтанаш “набудани стратегияи ҷиддӣ дар ҳизб, хомӯшии аксари аъзои Раёсати олӣ, нотавонии идора, интихоби нодурусти кадрҳо, боқӣ мондани фаъолиятҳо дар сатҳи изҳорот, набудани барномаи муассир барои озодии зиндониёни сиёсӣ ва машғул шудан ба танқидҳои дохилӣ, буҳтонҳои беасос ва дур кардани норозиён” мебошад.
Ҳамчунин ин фаъоли тоҷик ба ин суол, ки оё истеъфояш кадом сабукие ба худашон ё пайвандони зиндонияшон хоҳад овард, чунин посух дод: “Агар истеъфоям ба ману пайвандонам сабукие меовард, бовар кунед, онро қаблан анҷом медодам. Онҳое, ки фикр мекунанд истеъфо осонияшон меораду барои ҳамин аз ҳизб баромаданд, худ дар тарсу ваҳшат ва рамандагӣ қарор доранд. Баъракс, бо истеъфои додаам соҳибихтиёр шудаам”.
Ҳисомиддини Зубайдуллоҳ, фарзанди Зубайдуллоҳи Розиқ, ки аз бузургсолтарин маҳбусони сиёсии кишвар буд ва моҳи сентябри соли 2025 дар зиндон даргузашт, низ мегӯяд, пас аз 20 соли узвият дар ҲНИТ ба натиҷае расидааст, ки бо сабаби ноуҳдабароиҳо ва бемасъулиятиҳои раҳбарият ва ҳамчунин бекифоятии онҳо дар идораи ҳизб, то замони як ислоҳоту тағйироти куллӣ ва ҷиддӣ ва рафтани ин гурӯҳ аз раҳбарияти ҳизб аз ҲНИТ хориҷ мешавад.
Аммо масъулини ҲНИТ омилҳоеро, ки ин афрод барои хуруҷи худ аз сафи ҳизб пеш овардаанд, рад мекунанд. Исломҷон Саидов, муовини аввали раиси ҲНИТ дар суҳбат бо Azda Tv гуфт: “Чандин омил метавонад сабаби рафтани онҳо аз ҲНИТ бошад, аммо бо боварӣ метавон гуфт, он чизеро, ки бародарон матраҳ кардаанд, сабаби асосии берун рафтанашон нест.”
Муовини аввали раиси ҲНИТ таъкид мекунад, ки “воқеият тамоман чизи дигар аст” ва “Коре, ки ҲНИТ то ин муддат дар ҳамаи самтҳое, ки бародарон эрод гирифтаанд, кардааст, агар олӣ ҳам нагуем қаноатбахш аст.”
Саидов ҳамчунин афзуд: “Эътироз кардану беамалии худро ба дӯши дигарон партофтан осонтарин кор аст, агар воқеан салоҳу пешрафт мехостанд, бо рафтору амалашон ин корро анҷом медоданд.”
Ӯ сабаби чунин эрод гирифтани афроди хориҷшуда аз сафи ҳизбро “дур мондан аз воқеиятҳо ва нодида гирифтани онҳо” номида, мегӯяд, ки дар пайи эътирози шахсони норозӣ ҲНИТ ислоҳот гузаронд, вале “Боз дубора Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ интихоб шуд.”
“Агарчи худи ӯ борҳо дар Раёсати олӣ ин масъаларо бардошт, ки нафари дигаре биёяд, номзадиашро пас гирифт, вале боз бо исрори аксари аъзои РО, ки ҳамагӣ ҳамсангарону дӯстони падарони ин бародарҳо ҳастанд, ӯро ба унвони раиси худ ба муддати чаҳор соли дигар интихоб карданд. Агар кори роҳбарият ин тавр ки ин бародарон даъво мекунанд мебуд, оё Раёсати олӣ, ки бештар аз 20 нафар ҳастанд, ба ин чиз иҷозат медоданд, на албатта.”, афзуд Исломҷон Саидов.
Ёдовар мешавем, ки тобистони соли 2025 ҲНИТ бо ислоҳоти сохторӣ ва қабули низомномаи нав интихобот баргузор кард ва Муҳиддин Кабириро барои чор соли дигар раҳбар интихоб намуд. Инчунин интихоби се муовин ва ворид кардани чанд нафар ба узвияти Раёсати олӣ сурат гирифт.
Пас аз ин Муҳаммадиқболи Садриддин, ҳамакнуни собиқ узви ин ҳизб, ба нишони эътироз ба ислоҳоти дохили ҲНИТ истеъфо дода, ҷунбиши “Ислоҳотхоҳон”-ро таъсис намуд.
Ҳамчунин 30-уми декабри соли 2025 Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷии ин ҳизб, бо нашри баёнияи расмӣ дар Фейсбук гуфтанд, ки баъди се даҳсола фаъолият дар ҲНИТ аз ин ҳизб хориҷ мешаванд, чун бар ин натиҷа расидаанд, ки ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии исломӣ дар ниҳоят ба бунбаст мерасанд.
Гуфта мешавад, аз замони баста шудани ҲНИТ дар соли 2015 бошад, собиқ муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадкарими Орзу низ истеъфояшро дар тӯйи писараш дар шаҳри Венаи Утриш эълон карда буд.
