31.9 C
Dushanbe

Имзои Стратегияи ҳамкории СҶТ бо Тоҷикистон

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) нахустини Стратегияи ҳамкории худ бо Тоҷикистонро имзо кард.

Директори минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурурсӣ дар Аврупо Ҳанс Клуг (Hans Kluge) дар саҳфаи Х-и худ хабар дод, ки санади мазкур рӯзи 28-уми октябри соли ҷорӣ зимни 74-умин ҷаласаи Кумитаи минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо ба имзо расид.

Ба қавли Ҳанс Клуг, ин санади муҳимро бо Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистн имзо кардааст. Ӯ таъкид мекунад, ки имзои ин санад “як қадами бузург дар самти таҳкими ҳамкории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо Тоҷикистон мебошад.”

Директори минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурурсӣ дар Аврупо дар идома гуфтааст, “ин стратегияи ҳамкорӣ нишонаи эътимод аст, ки бо Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мутобиқат мекунад.”

Инчунин ин санад, ба авлавиятҳои асосии тандурустӣ, аз ҷумла таҳкими фарогирии ҳамагонии тандурустӣ (Universal Health Coverage (UHC)) ва хизматрасониҳои тиббии аввалиндараҷа (Primary Health Care (PHC)) равона шудааст.

Ҳанс Клуг ҳамчунин мегӯяд, уҳдадорем аз моделҳои навоваронаи хизматрасониҳои тиббии аввалиндараҷа, истифодаи беҳтари захираҳои молиявӣ ва ташаккули низоми иттилоотии пурқуввати тандурустӣ пуштибонӣ кунем.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.