6.9 C
Dushanbe

Исроил уҳдадор шуд ба “ишғолгарӣ” хотима бахшад

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 18-уми сентябр қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он Исроил муваззфа шудааст, нерӯҳои худро аз Навори Ғазза берун кашад.

Гуфта мешавад, барои иҷрои ин Қатънома ба Исроил 12 моҳ муҳлат дода шуда ва ҳамчунин ин Қатънома Исроилро уҳдадор мекунад, то шаҳраксозиро дар заминҳои Фаластин фавран бас кунад.

Аз 193 кишвари узви СММ 124 кишвар аз Қатънмоа ҷонибдорӣ кардаанд. Аз ҷумла, Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба фоидаи Қатънома овоз додаанд.

Аммо Амрико, яке аз ҳампаймони наздики Исроил ба ин Қатънома мухолифат кард. Дар умум 13 кишвар, аз ҷумла Аргентина, Чехия, Маҷористон (Венгрия), Парагвай ва ғайра бар зидди Қатънома раъй доданд ва 43 кишвари дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ варзиданд.

Ин Қатънома бар асоси як хулосаи машваратии Додгоҳи олии СММ (Лаҳай) дар моҳи июли соли ҷорӣ гирифта шудааст, ки гуфта буд, Исроил бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ Каронаи Бохтарӣ, Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва Навори Ғаззаро ишғол кардааст.

Дар хулосаи машваратии Додгоҳи байнулмилалӣ (ICJ), ки ҳайати 15-нафарии додрасҳо онро муайян кардааст, таъкид мешавад, ки “идомаи ҳузури Исроил дар сарзамини ишғолшудаи Фаластин ғайриқонунӣ” буда, Исроил уҳдадор аст то ба ҳузури ғайриқонунии худ ҳарчи зудтар хотима бахшад”.

Ин Додгоҳ ҳамчунин гуфта буд, ки Исроил бояд “ҳамаи шаҳракнишинҳоро аз сарзамини ишғолшудаи Фаластин берун кунад” ва “зарари расидаро ба тамоми шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии дахлдор бисупорад.”

Исроил аз соли 1967 дар Каронаи Бохтарӣ ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ тақрибан 160 шаҳрак бунёд кардааст, ки ҳудуди 700 000 яҳудиёнро дар он ҷо ҷой кардааст. Додгоҳ мегӯяд, ки ин шаҳракҳо бар хилофи қонунҳои байналмилалӣ бунёд шудаанд. 

Намояндаи Фаластин дар Созмони Милал раъйдиҳиро паёми рӯшане барои эътирофи ҳуқуқи мардуми Фаластин ба истиқлол донист, дар ҳоле, ки намояндаи Исроил онро “ҳимоят аз терроризми дипломатӣ” гуфт.

Намояндаи Фаластин мегӯяд, ҳарчанд қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Миллал ҳатмӣ нестанд, аммо онҳо дорои аҳамияти рамзӣ ва сиёсӣ мебошанд, зеро он мавқеи ҳамаи 193 кишвари узви СММ-ро дар ин бора инъикос мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷойивазкунии навбатии мақомдорон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар чанде аз сафоратхонаҳои кишвар дар хориҷ ва як вазорат тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро анҷом дод.

Пулиси Душанбе дар 15 мактаб корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронд

Пас аз муноқишаи гурӯҳии ноболиғон, ки ян наврас кушта ва як каси дига захмӣ шуд, мақомоти пулиси пойтахт чораҳои зиддиҷиноятиро роҳандозӣ карданд.

Ин мушкили барқ кай ҳал мешавад? Шикояти сокинон аз бебарқӣ

Баъзе сокинон аз вилояти Суғд ва Хатлон аз он шикоят доранд, ки аз ҳоло барқ надоранд ва дар як шабонарӯз тақрибан аз 2 то 4 соат барқ дода мешавад.

Дар Тоҷикистон “WhatsApp” ва “Telegram” маҳдуд мешаванд?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъолияти як паёмрасони нави миллӣ бо номи "ОРИЗ" хабар дод.