Истеъмоли машруботи алкулӣ дар Тоҷикистон 35 дарсад боло рафтааст

Кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Русия, дар муқоиса бо кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, дар солҳои 2010-2016 коҳиши сатҳи истеъмоли машруботро нишон доданд.

Ин маълумотро Дафтари аврупоии СҶТ дар гузориши “Ташаббуси SAFER: бехатар кардани минтақаи Аврупо. Пешрафт дар татбиқи сиёсати назорати спиртӣ 2010-2019” пешниҳод намуд.

“Хулосаи умумӣ ин аст, ки пешрафт хеле нобаробар буд. Далелҳо нишон медиҳанд, ки истеъмоли машрубот асосан дар Иттиҳоди Аврупо бетағйир боқӣ монда, дар шарқи минтақаи Аврупоии СҶТ ба таври назаррас коҳиш ёфтани истеъмоли машрубот мушоҳида шудааст.”- омадааст дар гузориш.

Дар 51 давлати узви минтақаи аврупоии СҶТ, ки маълумоти худро барои солҳои 2010-2016 пешниҳод кардаанд, истеъмоли миёнаи машрубот аз 11,2 литр то 9,8 литр (-12,5%) коҳиш ёфтааст.

Дар Русия дар ин давра истеъмоли машрубот 26,1% коҳиш ёфт (аз 15,8 литр то 11,7 литр). Аз ҳама коҳиши зиёди истеъмоли машрубот дар Озарбойҷон (-72,2%), Украина (-40,2%), Қирғизистон (-38,7%) ва Беларус (-36,1) ба қайд гирифта шудааст.

Афзоиши бештари истеъмоли машрубот дар Тоҷикистон (+ 35,9%), Исроил (+30,2), Македонияи Шимолӣ (+ 28,1%) ва Исландия (+ 22,9%) ба қайд гирифта шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.