Мақомоти Беларус мухолифи тоҷик Низомиддин Насриддинови 44-соларо, ки паноҳандагии Олмонро дошт, ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.
Саидризо Насриддинов, бародари ин мухолифи тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Адвокат гуфт, ки се рӯз қабл, вақте барои суҳбат бо Низомиддин ба боздоштгоҳи Гродно рафт, ба вай гуфтаанд, ки Низомиддин ба Минск интиқол дода шуд ва вақте ба Минск меравад, аз додситонӣ мегӯянд, ки истирдод шуд”.
Мақомоти тоҷик то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Низомиддин Насриддинов 8-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар дастгир шуда буд.
Энира Бронитская масъули созмони ҳуқуқии “Human Constanta” дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврали имсол истирдоди Насриддиновро талаб кард ва Додситонии кулли Беларус паноҳандагии ӯро дар Олмон ба назар нагирифта, барои истирдод розӣ шудааст.
Ӯ дар Тоҷикистон ба “даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ” (моддаи 307, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст ва дар пайгард қарор дошт.
Насриддинов аз замони боздошташ дар боздоштгоҳи шаҳри Гроднои Беларус қарор дошт ва аз қарори Додситонии кулли Беларус шикоят карда буд, аммо шикояташ ба инобат гирифта нашудааст.
Баъд аз боздошти Низомиддин Насриддинов нуҳ созмони ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Беларус талаб карда буданд, ки ба ҳеч сурат Насриддиновро ба Тоҷикистон надиҳад.
Гуфта мешавад, Низомиддин Насриддинов аз соли 2015 бо хонаводааш, аз ҷумла бо панҷ фарзандаш дар кишвари Олмон зиндагӣ мекард ва мақоми паноҳандагии ин кишварро низ дошт.
Ӯ дар гузашта дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ширкат ва суханронӣ карда, худро узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” гуфта буд. Аммо соли 2018 аз узвияти ин ҳаракати сиёсӣ ихроҷ шуда, вақтҳои охир ба тиҷорати мошин машғул будааст.