26.9 C
Dushanbe

Истирдоди як узви “Гурӯҳи 24” аз Русия ба Тоҷикистон

Сулаймон Ҷобиров, собиқ узви “Гурӯҳи 24” баъд аз ду моҳи нопадидшавиаш аз Русия, дар яке аз боздоштгоҳҳои Душанбе пайдо шуд.

Ҷобирови 43-сола, ки солҳо боз дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Самараи Русия қарор дошт, рӯзи 8-уми апрели соли ҷорӣ ба таври мармуз нопадид шуда буд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, баъд аз занги як муфаттиш падараш ба Душанбе рафта дар боздоштгоҳ бо Сулаймон мулоқот кардааст ва гуфта мешавад, ӯ ҳоло вакили дифоъ дорад.

Мақомоти тоҷик ӯро тайи тақрибан даҳ соли охир таҳти ҷустуҷӯ қарор дода будаанд ва ҳоло бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар боздошт нигоҳ медоранд.

Аммо Убайдулло Саидӣ, сухангӯйи “Гурӯҳи 24” ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Сулаймон Ҷобиров соли 2016 дар як ҷаласаи созмон довталабона аз узвияти ин ҳаракат даст кашид ва дигар ҳеч майле барои ҳамкорӣ ё пайвастан нишон надодааст.

Сулаймон Ҷобиров зодаи ноҳияи Вахш буда, соҳиби шаш фарзанд мебошад. Ӯ моҳи декабри соли 2014 низ дар Русия боздошт ва баъд аз 9 моҳ озод гардида буд.

Сулаймон ягона нафаре нест, ки аз Русия истирдод ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” дар Тоҷикистон боздошт мешавад. Пеш аз ӯ даҳҳо нафар аз Русия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ихроҷ гардида, мақомоти тоҷик онҳоро барои муддати дароз зиндонӣ карда буданд. Инчунин афроде низ ҳастанд, ки тақдирашон то ҳол норӯшан боқӣ мемонад.

Аз ҷумла, то ҳол аз Суҳроби Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарифов, фаъоли дигари ин ҳаракат, ки моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд, хабаре нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.