Иттиҳоди Аврупо бонки марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро таҳрим кард

Иттиҳоди Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳоро алайҳи Русия қабул намуд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба бахши молиявӣ равона шудааст.

Ба рӯйхати нав, ки 23-уми октбяри соли ҷорӣ нашр шуд, на танҳо бонкҳои русӣ, балки муассисаҳои молиявии хориҷӣ, аз ҷумла се бонки Тоҷикистон низ шомил шудаанд. Брюссел ин бонкҳоро ба кумак дар сарпечӣ аз маҳдудиятҳои қаблӣ ва маблағгузории иқтисодиёти низомии Русия муттаҳам мекунад.

Тибқи қарори нави Шӯрои ИА, нисбати “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” таҳрим ҷорӣ шуда, ҳеч ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоранд, бо ин се бонк аз Тоҷикистон муомилоти молӣ анҷом диҳанд.

Дар қарор гуфта шудааст, ки ин муассисаҳо аз кишварҳои севум бо роҳи канор задани маҳдудиятҳои содиротӣ, аз ҷумла компютер, абзорҳои идораи мошин, микроэлектроника, бесарнишинҳо ва дигар молу технологияҳои нав ғайримустақим ба тақвияти тавоноии артиши Русия саҳм мегузоранд.

То ҳол ин се бонки Тоҷикистон ва Бонки миллӣ ба ин хабар вокунише накардаанд ва бо дастрас шудани назари намояндагони ин се бонк Azda.tv онро нашр хоҳад кард.

Гуфта мешавад, “Душанбе сити бонк” яке аз лоиҳаҳои ширкати монополии “Авесто Гурӯҳ” буда, ба писари раисҷумҳури Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ таалуқ дорад. Идораи ин ширкати бузург дар дасти Мирзо Муҳаммад Файзуллозода, бародари яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, муовини президенти Федератсияи футбол ва раҳбари Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Мирзо Хуршед Файзуллозода мебошад.

Ва дар ҳоле “Душанбе сити бонк” вориди рӯйхати таҳримҳои ИА мешавад, ки муштариёни ин бонк дар дохили Тоҷикистон аз хидматрасонии он шикоят мекунанд. Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, чун ин бонк ба писари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таалуқ дорад, ба шикояти онҳо касе расидагӣ намекунад.

Сокинони кишвар “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонк”-ро низ ба наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар баробари ин бонкҳо аз Тоҷикистон панҷ бонки русӣ, аз ҷумла Истина, Земский Банк, Абсолют Банк, МТС Банк, Алфа-Банк ва панҷ муассисаи молиявии дигар аз Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳонконг, инчунин чор бонк аз Беларус ва Қазоқистон вориди рӯйхати таҳримҳои ИА шудаанд.

Ҳамчунин ҳамкорӣ бо низомҳои пардохтии русии «Мир» ва СБП (Системаи пардохтҳои зуд) пурра манъ карда шуд.

Як бахши алоҳидаи таҳримҳо ба соҳаи криптовалюта равона шуда, ИА муомилот бо стейблкойни A7A5-ро, ки бо дастгирии давлатии Русия эҷод шудааст, манъ кард. Инчунин таҳримҳо нисбати таҳиягари он, нашркунандаи қирғизӣ ва платформае, ки асосан муомилоти ин асъори рақамӣ дар он анҷом мешуд, татбиқ гардиданд.

Ба гуфтаи мақомоти аврупоӣ, ин тадбирҳо барои бастани роҳҳои алтернативии молиявӣ, ки Маскав тавассути онҳо хароҷоти низомиро идома медиҳад, нигаронида шудааст.

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар мавриди корҳои хориҷӣ Кая Каллас таъкид карда, ки “ҳар як евро, ки мо аз Русия бозмедорем, евроест, ки барои ҷанг сарф намешавад ва ин бастаи охирини таҳримҳо нест.”

Гуфта мешавад, дар баробари чораҳои молиявӣ ин бастаи таҳримҳои нав, инчунин бахшҳои энержӣ, нақлиёти баҳрӣ ва саноати ҳарбиро дар бар мегирад. Ба гуфтаи Иттиҳоди Аврупо, ин маҳдудиятҳо бояд дастрасии Русияро ба захираҳои молиявии ҷаҳонӣ мушкилтар созанд ва қобилияти онро барои идомаи ҷанг дар Украина коҳиш диҳанд.

Як рӯз пеш Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА бо сабаби майл нишон надодани Русия ба хатми ҷанг дар Украина аз ҷорӣ намудани таҳримҳо нисбати ду ширкати азими нафтии ин кишвар “Роснефт” ва “Лукойл” хабар дода буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.