-4.1 C
Dushanbe

Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак кард

Сурат: РИА Новости

Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои бартарафсозии зарарҳои иқтисодиву иҷтимоии ношӣ аз каронавирус, тақвияти низоми тандурстӣ ва обёрӣ 134 миллион евро (ҳудуди 159 миллион доллар) ҷудо кардааст. Дар ин бора рӯзи 18 ноябр сомонаи “Ахбори Осиёи Марказӣ” иттилоъ медиҳад.

17-уми ноябри соли равон зери раҳбарии намояндаи ИА дар умури хориҷӣ Жозеп Боррел 16-умин ҷаласаи солонаи “ИА – Осиёи Марказӣ” ба шакли нишасти онлайнӣ доир гардид.

Дар ҷаласа иштирокдрон омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти “тақвияти устуворӣ, шукуфоӣ, сабзгардонӣ ва корҳои барқарорсозӣ пас аз пандемияи коронавирус баён карданд”.

Дар ин нишасти видеоӣ, ки аз ташаббуси ИА доир гардид, масъалаҳои зарурати эҳтиром ба қонуну татбиқи амалии принсипҳои демократӣ, ҳуқуқи инсон ва ғайра баррасӣ шудааст.

Моҳи июли соли равон Иттиҳоди Аврупо хабар дода буд, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мекунад.

Он вақт гуфта мешуд, ки Иттищоди Аврупо барои таъмини талаботи кишварҳои минтақа ва ҷуброни хасороти пандемияи каронавирус 3 миллион евро ҷудо мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар масири Душанбе–Чаноқ наздики 30 тарма фаромадааст

Дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои пай дар пай роҳи Душанбе–Чаноқ муваққатан баста шуд.

Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ПМТ

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар дохили ин эътилоф хабар додааст.

Шиканҷагаронро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Додситонии шаҳри Душанбе пас аз марги мармузи Мақсудҷон Саидов, бар зидди ду корманди милисаи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Пулиси Душанбе аз муноқишаи эҳтимолии ноболиғон пешгирӣ кард

Пулиси шаҳри Душанбе аз сар задани муноқишаи эҳтимолии як гурӯҳ ноболиғон пешгирӣ кардааст.