10.9 C
Dushanbe

Изҳороти бесобиқаи Ҳизби демократи Тоҷикистон

Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) роҷеъ ба вазъияти ахири Афғонистон изҳорот дод. Ин ҳизб аз тасаллути Ҳаракати Толибон ба шаҳру вилоятҳои Афғонистон нигаронӣ намуда, аз харобкориву қатлу куштори ин гурӯҳ ҳушдор додааст.

ҲДТ хомӯшии Созмони Миллали Муттаҳид, созмонҳои ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқ ва ғайраро дар баробари амалҳои Толибон ҳайратовар хондааст.

Инчунин аз мақомоти Тоҷикистон хоста, ки барои муҳоҷирони афғон, ки ба ватани мо омадан мехоҳанд, раводид ва дигар асноди лозимаро бепул барояшон иҷро кунанд ва онҳоро ба кишвар роҳ дода, барояшон шароити хуб фароҳам кунанд.

Матни комили изҳороти ҲДТ:

ИЗҲОРОТИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН

Таҳаввулоти вазъияти сиёсии Афғонистон дар чанд рӯзи ахир нигаронии ҷомеаи ҷаҳон, мардуми рушанфикр, ба хусус сокинони кишвари моро ба вуҷуд овардааст. Гурӯҳи фурсатталаби террористони байналмилалии Толибон бо пуштибонии давлатҳои манфиатҷӯ низоми давлатиро дар Афғонистонбарҳам зада ҳукумати ин кишварро ба даст гирифтанд. Амалҳои харобкоронаи ин гурӯҳи беҳуввият, бесаробон ва ифротӣ дар чанд сол барои мардуми ҷаҳон аён аст.

Барои мо мардуми Тоҷикистон тохтутоз ва куштору вайронкориҳои Толибон хеле ғамангез аст, зеро дар қаламрави ин мамлакат мардуми мо ҳамзабонон ва ҳаммилатони мо аксари аҳолиро ташкил мекунанд. Фаромӯш набояд кард, ки ин кишвар сарзамини таърихии миллати мост. Тавре дида мешавад, ин гурӯҳи даҳшатбор замину манзил, шаҳру деҳоти тоҷикнишинро дар чанд соли ахир ба харобию нестӣ расонданд. Имрӯзҳо амалҳои ваҳшиёна ва хонахароби ин гурӯҳ махсусан дар маҳалоти тоҷикнишин ба сатҳи наслкушӣ расидааст. Онҳо духтарони ноболиғро аз бағали модаронашон рабуда, мардонро мекушанд ва занони онҳоро таҷовуз мекунанд, ҷавонони бегуноҳро ба баҳонаҳои гӯшношунид қатор монда, бераҳмона қатл мекунанд, ки анқариб ҳамаи онҳо мардуми миллати мо ҳастанд. Толибон, ки намояндагони қавмҳои фарҳангситези паштун ҳастанд, мардуми тоҷикзабонро дар Афғонистон барои надонистани забони пашту бераҳмона мекушанд ва мардуми ваҳшитабиати худро дар сарзаминҳои азалии мардуми тоҷик ҷойнишин мекунанд.

Силоҳдорони хунхори Толибон шаҳру деҳоти Афғонистонро зӯран ба итоати худ дароварда ҳукумати ваҳшиёнаро ба вуҷуд овардаанд. Танҳо дар муддати се-чор рӯзи ахир мардуми зиёди ин кишвар роҳи гурезро пеш гирифта ба кишварҳои дигар паноҳ мебаранд, дар як қатор шаҳрҳо мардум ба эътирози зидди Толибон мебароянд ва аз сӯйи онҳо бераҳмона тирборон мешаванд.

Ҳайратовар аст, ки дар баробари ин ҳама рафторҳои золимонаи зиддибашарӣ, наслкушӣ ва ваҳшигарии Толибон Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқ, давлатҳое, ки худро ҳомии демократия ва низоми мардумсолорӣ медонанд, комилан хомӯшанд. Мисли ин ки ҳамаи онҳо ҳамоҳанги ин разолати бузурги ҷаҳон ҳастанд

Дар миёни ин ҳама бадиҳову ваҳшоният танҳо неруе, ки дар муқобили онҳо қарор гирифтааст, Ҷабҳаи Шимол – Иттиҳоди эҷокардаи Аҳмадшоҳ Масъуд аст, ки неруҳои ватандӯст бо роҳбарии писари ин қаҳрамони номдор Аҳмади Масъуд роҳбарӣ мешавад. Боиси хушҳолист, ки ин нерӯи созанда чанд шаҳру деҳа, се вилояти кишварашро аз вуҷуди Толибон озод кардааст.

Мардуми шарафманду тамаддунофари тоҷики Афғонистон, бидонед, ки шумо мардуми мо, миллати мо, бародарони мо ҳастед ва тавре Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Тоҷикистон хонаи умеди ҳама тоҷикони дунёст”. Мо шуморо танҳо намегузорем ва як бурда нонамонро бо шумо тақсим мекунем, барои пирӯзӣ дар паҳлуятон истода мубориза мебарем.

Ҳизби демократи Тоҷикистон чун неруи меросдори низоми мардумсолору пуштибони ормонҳои волои инсонӣ, ба хотири пуштибонӣ ва дифоъи мардуми азияткашидаи тоҷик дар Афғонистон изҳор медорад:

1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири пуштибонӣ ва ҳимояти мардуми миллатамон барои ҳамаи гурезагони Афғонистон, ки ба кишвари мо рӯйи ниёз овардаанд, шароити лозим муҳаё кунад ва ҳама гуна корҳои раводид, таҳияи аснод ва дигар шароитҳоро бепул барои онҳо иҷро кунад.

2. Масъулони Кумитаи Амнияти миллӣ, вазоратҳои дохила ва ҳуқуқи ҷумҳурӣ барои гурезагони Афғонистон шароити беҳтар, муносибати бародарона ва шоистаро ба роҳ монанд.

3. Аз ҳама масъулони корҳои амният ва гумрук дар марзҳои Тоҷикистон талаб карда шавад, ки барои гурезаҳои Афғонистон шароити муносиб ва шоиста муҳаё карда, бо онҳо муносибати самимона ва дӯстонаро ба роҳ монанд.

4. Аз ҳамаи шаҳрвадони ҷумҳурӣ талаб карда шавад, ки дар шаҳру деҳот, дар кӯчаву бозор бо гурезагони Афғонистон муносибати дӯстона ва сазоворро ба роҳ монанд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиндагии муваққати гурезагони Афғонистон шароит фароҳам оварда, барои онҳо расондани ёриҳои башардӯстонаро бо кумаки мардуми кишвар ба роҳ монад ва иҷрои талаботи номбурдаро дар ҳама сохторҳои ҳукумат зери назорати ҷиддӣ қарор бидиҳад.

6. Низоми Толибон як ҳаракати бенизом, як неруи ваҳшатафкан ва қотил аст, ки аз сӯйи давлатҳои ғаразхоҳ ба саҳнаи ҷанги Афғонистон ворид карда шудааст. Давлатҳои манфиатдор барои ин гурӯҳи ғаддор ҳама шароит, пул, силоҳи ҷангро муҳаё кардаанд, то ки дар ин минтақа ҳама гуна бедодгарии золимонаро анҷом бидиҳанд. Ин тартиби ҳукуматдорӣ торафт дар ин кишвар реша медавонад ва мардуми тоҷиктабори Афғонистон аз хонаву дар, забону фарҳанг ва ватан маҳрум мешавад. Бинобар ин аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад, ки дари сафоратхонаҳои давлатҳоеро, ки ин низоми бешарафи инсониро дар Афғонистон пуштибонӣ мекунанд, бибандад. Давлатҳои Покистон, Арабистони Саудӣ ва Қатар ба ин гурӯҳи золим ёриҳои бевоситаи пуливу молӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ медиҳанд. Ҳамчунин ба ҳукуматҳое, ки ин низоми терористиро эътироф мекунанд, эътироз баён карда шавад.

7. Аз Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар талаб карда шавад, ки рафторҳои гурӯҳи Толибонро дар қиболи мардуми тоҷик ва форсизабони Афғонистон чун ҳаракати наслкушӣ (геносид) эътироф кунад.

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи тоҷикон аз Кореяи Ҷанубӣ

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ дар ин чанд рӯзи ахир бархе аз муҳоҷирони тоҷикро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

Бо фармон ва қарорҳои нави Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар аз як вазифа озод ва ба вазифа дигар таъйин шуданд.

Истирдоди як фаъоли тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон

Мақомоти Лаҳистон ҳафтаи гузашта боз як фаъоли тоҷикро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Чаро ҷавонон ифротгаро мешаванд?

Маънои луғавӣ ва истилоҳии ифротгароӣ Ифротгароӣ дар луғат ба маънои аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан ва зиёдаравӣ кардан аст (фарҳанги форсии Муин, фарҳанги форсии Амид). Калимаҳои мутародиф ва ё ҳаммаъно бо ифрот иғроқ, газофа, муболиға, сахтгирӣ, ғулув ва монанди ин мебошанд.