25.9 C
Dushanbe

КҲН: Фаронса наметавонад Муҳаммадиқболро ба Тоҷикистон истирдод кунад

Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия рӯзи 15-уми июн бо нашри баёнияе гуфт, ки Фаронса набояд дархости мақомоти тоҷикро дар бораи истирдоди Муҳаммадиқболи Садриддин ба Тоҷикистон иҷро кунад, зеро ӯро дар он ҷо хатари шиканҷа ва дигар шаклҳои бадрафторӣ таҳдид мекунад.

Дабири кулли Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия Берит Линдеман мегӯяд, таҷрибаи мо нишон дода, ки режими кунунии Тоҷикистон солҳост мунаққидони худро дар дохили кишвар зиндонӣ мекунад ва он мухолифоне, ки аз кишвар хориҷ шудаанд, дар ҷустуҷӯ қарор додааст.

“Кори мо ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки ҳар як дигарандеш, ки ба дасти мақомоти Тоҷикистон меафтад, зери хатари шиканҷа ва дигар бадрафторӣ ва ҳамчунин зиндонӣ шудан қарор мегирад”,- мегӯяд Берит Линдеман.

Хонум Берит таъкид мекунад, ки Фаронса наметавонад иҷборӣ Муҳаммадиқболи Садриддинро ба Тоҷикистон бифиристад, магар дар сурати нақзи қавонини бозпас нафиристодан.

Ин кумита иддаои мақомоти тоҷикро дар робита ба муттаҳам будани Муҳаммадиқболи Садриддин ба қаллобӣ (моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) интиқод карда, менависад, ки мақомоти Тоҷикистон бори аввал нест, ки мухолифони худро бо моддаи 247 муттаҳам мекунад.

“Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дасти кам ҳашт мавриди дигарро сабт кардааст, ки дар онҳо мақомоти Тоҷикистон мухолифон ва мунтақидони худро ба қаллобӣ, яъне бар асоси моддаи 247и Қонуни асосӣ гунаҳкор донистааст, ки аз ҷумлаи онҳо ду ҳомии ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов мебошанд.”, омадааст дар изҳороти КҲН.

Чандест мақомоти Тоҷикистон талош доранд Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири сомонаи “Ислоҳ.нет” ва яке аз мунаққидони ашаддии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро аз Фаронса ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Ин бор мақомоти тоҷик ӯро бо моддаи қаллобӣ муттаҳам кардаанд, то тавонанд мақомоти Фаронсаро дар истирдоди ӯ қонеъ кунонанд.

Ин мухолифи тоҷик пештар дар суҳбат бо Azda tv гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳатто барои нобуд кардани ӯ аз қотилон низ истифода карданд, вале муваффақ нашуданд. Ӯ афзуд, ки иттиҳомоти мақомти тоҷик дар мавриди террористу экстремист ба дард нахӯрад, “инак иттиҳоми наверо таҳти пӯшиши “қаллобӣ” рӯи даст гирифтаанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба хостаи худ бирасанд.”

Масъули пойгоҳи “Ислоҳ.нет” афзуд, ки мақомоти тоҷик барои хомӯш кардани садои мухолифонаш, тамоми равшанфикрон ва фаъолони ҷомеаи тоҷик, аз ҷумла Зайд Саид, Иззат Амон ва дигаронро бо иттиҳоми қаллобӣ ва моддаи 307 (ифротгароӣ ва террористӣ) зиндонӣ кардаанд, то ин ки касе аз “ҷиноятҳои ин режим” ҳарф назанад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аввалин сайёҳон ба кайҳон сафар карданд

Рӯзи панҷшанбе, 12-уми сентябри соли ҷорӣ нахустин парвози сайёҳони кайҳонӣ ба мадори замин бо муваффақият анҷом ёфт.

Дар Тоҷикистон ноболиғон ҳам шиканҷа мешаванд

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои истифодаи шиканҷа нисбат ба боздоштшудагони калонсол ва ноболиғон идома дорад.

Гази моеъ 20 дирам арзон шуд

Ин ҳафта ба сабаби бардоштани маҳдудиятҳои фурӯши гази моеъ дар пойтахти кишвар нархи он каме арзон шудааст.

Чаро Раҳмон иншооти сохати хориҷиҳоро ҳам ба номи худ сабт мекунад? 

Эмомалӣ Раҳмон 12-уми сентябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об боздид кард.