8.9 C
Dushanbe

“Касе гапи маро гӯш намекунад”. Додхоҳии як зани афғон аз мақомоти тоҷик

Як зани 24-солаи шаҳрванди Афғонистон, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, аз раисҷумҳур ва мақомоти қудратии кишвар кумак хостааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як зане, ки аз худ Тамкин ном мебарад, чанд наворе нашр карда, аз ду мард бо номҳои Абдулбасир Ҳамидӣ ва Абдухолиқ Сайфӣ, ки дуюмиро қочоқбар мехонад, шикоят карда мегӯяд, онҳо ӯро таҳдид мекунанд ва зиндагии ӯро табоҳ кардаанд, вале касе ба додаш намерасад.

Ин хонум дар наворе ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда мегӯяд, марде бо номи Абдулбасир Ҳамидӣ, ки соли таваллудаш 1976 аст ва шахси доранда ҳам ҳаст, мехоҳад маҷбурӣ ӯро ба занӣ бигирад, аммо чун ҷавоби рад мешунавад, ба таҳдиду таҳқир мегузарад. “Бо таҳдиду фишор падарамро розӣ кардааст, аммо ман розӣ нестам. Охир синну соли мо хеле фарқ мекунад.“, – мегӯяд ин бону.

Хонум Тамкин ҳамчунин меафзояд, ки “Ин мард дар ҳаққи ман хеле корҳоеро анҷом додааст, ки шарм медорам инҷо бигӯям. Вале ночор шудам, ки тариқи интернет ба шумо шикоят кунам.

Ба гуфтаи ин бону, фишорҳои Абдулбасир 6-7 моҳ пеш шуруъ шудааст ва азбаски шахси пулдор аст, шикоят ба пулис ҳам бефоида аст. Ӯ мегӯяд, ба милисаи шаҳри Душанбе муроҷиат кард, аммо вақте “ман дар назди милисаҳо будам ваё гапи ӯро гӯш карда, маро писханд карданд. Аз ин ки ман духтар ҳастам касе маро гӯш намекунад.

Бо гиря ва илтимос хонум Тамкин мегӯяд, ки ин мард ӯро хеле таҳдид мекунад ва дар назди дӯстону хонавода беобрӯ кардааст. “Варақе, ки аз ман бо фишор гирифт, онро бар зидди ман истифода мекунад. Маро гуфт, ки бо ман тӯй кун ман қабул накардам. Обрӯи падару модарамро рехт, ман дигар хона рафта наметонам.”, мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи худи хонум Тамкин, 20 сол боз ӯ ва хонаводааш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ дорад ва онҷо бузург шудаасту мактабу донишгоҳро низ дар Душанбе хондааст.

Azda TV барои такмили ҷузъиёти хабар натавонист бо ин зан ва ё тарафи дигар тамос бигирад. Вале баъд аз зуҳри имрӯз, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо нашри иттилоияе аз ин бонуи шаҳрванди Афғонистон Меҳробиддини Тамкин ном бурда, гуфта, ки ӯ “як сол мешавад, ки бо Ҳамидӣ Абдулбасир соли таваллудаш 22.03.1976, зодаи шаҳри Толиқони вилояти Тахор, муваққатан сокини н.Рудакӣ, тариқи никоҳи шаръӣ оила барпо намуда, зиндагонии якҷоя доранд. Дар ин муддат дар байни онҳо нофаҳмиҳои оилавӣ ба вуҷуд омада, шавҳараш ҷавондухтари муроҷиаткунандаро мунтазам зери фишори равонӣ қарор медодааст.”

Ин дар ҳолест, ки худи хонум Тамкин дар наворҳояш аз бетаваҷҷуҳи милисаи Душанбе шикоят кардааст. Аммо, ба гуфтаи корбарон, вокуниши мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаб шуд, ки нисбати қазияи ӯ таваҷҷуҳ шавад ва он мардро боздошт кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW: Нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Соли 2025 дар Тоҷикистон мавқеи ҳизби ҳоким мустаҳкам гардида, фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва мухолифин зиёд шудааст.

Боздошти як муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон бо талаби Тоҷикистон

Як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, аз ҷонби мақомоти Қазоқистон дастгир шудааст.

Дар ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғаззаро даҳҳо нафар кушта шуд

Рӯзи чоршанбе, 4-уми апрел дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба хаймаҳои оворагон дар Ғазза беш аз 20 нафар кушта шуданд, ки дар байни онҳо кӯадкони ширхор ҳам буданд.

Боздошти як зани тоҷик дар Русия бо иттиҳоми узвият дар “Салафия”

Дар шаҳри Сухуми Абхазия як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз соли 2021 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, боздошт шудааст.