28.9 C
Dushanbe

Қатли бераҳмонаи ду зиндонӣ дар шаҳри Ваҳдат

Қатли бераҳмонаи ду тан аз мухолифони зиндонии Ҳукумати Тоҷикистон дар зиндони маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат ба тарзи ваҳшиёна сурат гирифтааст. (Хабар таҳрир ва такмил шудааст.)

Марҳум, Маҳмадназар Хоҷаев

Субҳи 13-уми октябри соли ҷорӣ як узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва як тани дигар аз ҷонибдорони мухолифини Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар зиндони маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат тавассути зиндонбонҳо ба сурати ваҳшиёна ба қатл расидаанд.

Бино ба иттилои манобеи Аздо тв аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ин ду зиндонӣ субҳи 13-уми ояктбяр аз соати 05:00 то 07:00 саҳар зери шиканҷаи зиндонбонҳо қарор гирифта, онҳо ба лату кӯб ва шиканҷаҳои бераҳмонаи мақомот тоб наоварда, ҳар ду ҷони худро аз даст доданд.

Хоҷаев Маҳмадназар Зубайдуллоеви 35-сола, субҳи 13-уми октябр ҳангоми шиканҷаи зиндонбонҳо аз пушт аз ноҳияи сараш сахт осеб дида, дар натиҷаи хунравии аз ҳад зиёд дар зиндони “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат вафот мекунад, сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ буда ва ёри ба қатл расидааш ҳам як тан аз сокинони шаҳри Душанбе мебошад.

Хоҷаев Маҳмадназар 11-уми сентябри соли 2015 бо иттиҳомӣ ҳамкорӣ бо Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода боздошт ва сипас ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд. Вай оиладор ва соҳиби се фарзанд буд.

Маҳмадназар Хоҷаев, собиқ узви ҲНИТ дар соли 2015 номзад ба вакили ноҳиявии ин ҳизб аз ҳавзаи рақами 30 ноҳияи Рӯдакӣ буда, шаҳодатномаи номзад ба вакилиашро санаи 12-уми феврали 2015 ба даст оварда буд, аммо баъдтар, рӯзи 24-уми феврал маълум шуд, ки вай ҳамроҳи ду номазад ба вакили дигари ҲНИТ бо номҳои Аҳмадҷон Сангов ва Абдунаим Каримов бар асоси сохтакории мақомот ва аз номи онҳо ба дурӯғ ариза навиштан, исмашон аз рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳазф шудааст.

Бо гузашти 8 шабонарӯз аз қатли ин ду зиндонии сиёсӣ то ҳол мақомоти Тоҷикистон расман ин кушторҳои бераҳмона дар зиндони шаҳри Ваҳдатро шарҳ надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2019  бар асари ошуби сохтаи мақомот чанд тан аз собиқ раҳбарони зиндонии ҲНИТ низ ба таври бераҳмона дар ин зиндон кушта шуда буданд.

Аздо тв тафсилоти хабарро пайгирӣ дорад ва дар зудтарин фурсут ба ин мавзӯъ бармегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.