Осиёи Марказӣ

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Шаҳбоз Шариф

Президенти Тоҷикистон бо ирсоли як барқияи изҳори ҳамдардӣ ба сарвазири Покистон барои таркиши дирӯза дар шаҳри Пешовар изҳори тасаллият кард.

Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти матбуоти президент, Шоми дирӯз, 30-уми январи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи изҳори тасаллият ба Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон гуфт: "Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари амали террористии интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Пешовар боиси андӯҳи беандозаи мо гардид."

Дар ин азҳороти Президенти Тоҷикистон таъкид шуда, ки: "Мо ин амали террористии золимонаро қотеона маҳкум карда, ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми бародари Покистон ҳамдардиву таслияти амиқи ин ҷонибро изҳор менамоем ва хоҳони шифои комили ҳамаи маҷруҳшудагон ҳастем".

Гуфта мешавад, зуҳри дирӯз, тақрибан соати 13:30 дақиқа ба вақти маҳҳалӣ дар масҷиде дар шаҳри Пешовар, маркази иёлати Хайбарпахтунҳоҳи Покистон фарде маргталаб худро дар сафи аввали намоз тарконд ва дар натиҷа дасти кам 36 нафар гуфта мешуд, вале бо гузашти вақт имрӯз теъдоди онҳоро 72 нафар кушта ва беш аз 100 каси дигар маҷруҳ эълон карданд.

Таҳрики Толибон Покистон расман ин ҳодисаро ба уҳда нагирифтааст, вале як шохаи ҷудошуда аз ин ҳаракат бо номи "Гурӯҳи озодагон" (Ҷамоат-ул- аҳрор) эълон кардааст, ки ин амали террористӣ дар иртибот ба қатли яке аз саркардаҳои ин гурӯҳ бо номи Умар Холид Хуросонӣ, ки чанде пеш тавассути нерӯҳои покистонӣ ба қатл расида буд, анҷом шудааст.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Осиёи Марказӣ

Тоҷикистон

ИНТЕРПОЛ дар Душанбе ҷаласа мегузаронад

Тоҷикистон

Вохӯрии раисони Суғду Ботканд

Афғонистон

Кушта ва захмӣ шудани беш аз 220 нафар бар асари заминларзаи дирӯза

Фарҳанг

Кишварҳои туркзабон мегӯянд, Наврӯз моли муштараки мост