21.9 C
Dushanbe

Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахши мошинҳои электрикӣ

Чин ба пешниҳоди Тоҷикистон дар хусуси ҳамкорӣ дар бахши рушди “мошинҳои электрикӣ ва панелҳои офтобӣ” таваҷҷуҳ кардааст.

Бино ба иттилои рӯзномаиҶумҳурият Тоҷикистон, ҷониби Чин дар ин бора пас аз мулоқоти маҷозии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ бо узви доимии Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чжаншу таваҷҷӯҳ кардааст.

Ба гуфтаи “Ҷумҳурият”, дар ин мулоқот “таваҷҷӯҳи ҷониби Чин ба густариши робитаҳои байнипорлумонӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти сохтмону таҷдиди иншооти энергетикӣ ва таҳкими заминаҳои истеҳсоли «технологияи сабз», бахусус мошинҳои электрикӣ ва панелҳои офтобӣ, идомаи ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт, логистика, барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ, роҳандозии имтиёзҳои гумрукӣ барои интиқоли молҳои ниёзи мардум, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷалб шуд.”

Чин яке аз шарикони стротегии Тоҷикистон буда, бо афзоиши сармоягузориҳои худ дар Тоҷикистон ва қарздор кардани давлат аксари конҳои маъдании кишвар ва ҳазорҳо гектар заминҳои кишварзиро соҳиб шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.