21.9 C
Dushanbe

Ҳаракати автобусҳо байни Тоҷикистону Узбекистон пурра барқарор мешавад

Тоҷикистон ва Узбекистон мехоҳанд ҳаракати автобусҳоро пурра барқарор кунанд. Дар ин бора “Intergazeta” дар истинод ба Вазорати нақлиёти Узбекистон хабар дод.

12-уми январи соли ҷорӣ, намояндагони Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Тошканд, ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро баргузор карданд.

Ҷонибҳо рафти иҷрои созишномаҳои якҷояи дар ин соҳа имзошударо тахлил намуда, масъалаи азсаргирии ҳаракати автобусҳо миёни ду кишвар, ки бар асари пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, низ матраҳ карданд.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Узбекистон, дар ин нишаст дурнамои рушди долони нақлиётии Узбакистон-Тоҷикистон-Чин низ баррасӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон дар соли 1992 ба далели ҷанги шаҳрвандӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва баъдан ба далели муносибатҳои нохуби сарони давлатҳо қатъ шуда буд.

Баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон автобусҳо байни ду кишвар аз 15-уми майи соли 2018, яъне пас аз 26 сол ба ҳаракат даромаданд.

Дубора ҳаракати автобусҳо байни Узбекистону Тоҷикистон аз 16-уми марти соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ карда шуд. Аз 1-уми сентябри соли 2021 маҳдудиятҳо тадриҷан бардошта шуда, аз 18-уми октябр байни шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд як хатсайри автобуси мусофирбарӣ ҳаракат мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба хотири дашноми пулис зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳри Қурғани Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро барои "дашном" ва "зӯроварӣ нисбати корманди ҳифзи ҳуқуқ" маҳкум ба зиндон кард.

Ваҳдат ё ваҳшат?

Маросими таҷлил аз 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдат бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.