Ширкати нерӯҳои низомӣ дар моҷарои ахир миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз эҳтимоли бавуҷудоии як «нуқтаи доғ» (горячая точка) дар Осиёи Марказӣ аломат медиҳад.
Ҳаводиси рӯзҳои 28-29-и апрел дар марзи ин ду кишвар, ки дар гузашта, ҳатто дар даврони Иттиҳои Шӯравӣ ҳам такрор шуда буд, ин бор таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ сахт ҷалб кард. Созмони милали муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, давлатҳое назири Чин, Русия, Қазоқистону Узбакистон ҳар кадоме билофосила вокуниш нишон дода ва аз ҳарду тараф дархост ва даъват карданд, ки мушкилии мавҷударо на аз роҳи ҷангу куштор, аз тариқи гуфтушунид ҳаллу фасл кунанд. Ингор ҷавониб гӯш андохт ва ҳарду тараф нерӯҳои худро аз маҳалли низоъ берун кашиданд ва тавофуқ ҳосил шудааст, ки Гурӯҳи корӣ ҳарчи зудтар барои таъйину аломатгузории марзҳо дастбакор шавад.
Аммо воқеият тамоман чизи дигар аст. Ҳарду тараф ҳеҷ гуна кӯтоҳ омаданӣ нестанд, ҳадди ақал аломат надодаанд, ки билфарзе, ба хотири аз байн бурдани низоъ ва ба як бор ҳал кардани мушкилӣ аз баҳри ину онҷо хоҳем гузашт. Яъне ҳатто дар забон мавқеи ҷонибҳо хеле аз ҳам дур аст ва аз ин рӯ, наметавон хушбин буд, ки ҳаводиси ахир барои бори охир аст ва дигар такрор намешавад.
Дуруст аст, ки нуқтаи ахирро дар ин баҳс мақомоти ҳарду кишвари Қирғизистон ва Тоҷикистон хоҳанд гузошт, вале гумони ғолиб ин аст, ки онҳо дигар ниёз ба миёнарав ва ё миёнаравҳо доранд ва барои ҳалли ин низоъ минбаъд давлатҳо ва созмонҳое назири Русияву Қазоқистону Узбакистон, СММ ва Иттиҳодияи Аврупову СПАД-Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ кашида хоҳанд шуд.
Иттиҳоди Аврупо барои хонаводаҳое, ки аъзои худро дар ин ҷанг аз даст додаанд, изҳори аслият кардааст. ИА таъкид кардааст, ки бо роҳҳои худ «ҳамеша бо мақомоти ду кишвар робитаҳои доимии дипломатӣ дорад». Зимнан, раиси ҷумҳурии Қирғизистон ҳам ба шаҳрвандони дар мотам нишастаи худ таъзия баён кардааст, кореро, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ муносиб надидааст ва то кунун ба касе изҳори таслият арз накардааст.
Ин нуктаро бояд тазаккур дод, ки нақш ва мақоми Русия, дар ҳалли низъи Тоҷикистону Қирғизистон баъди ҳаводиси ахир барҷаста ва бартар мешавад. Агарчи кишварҳои ҳамсоя ва низ Иттиҳоду Аврупо аллакай дар ин қазия дахолат карданд, вале ҳамоно дар сатҳи байналмилалӣ дар ин баҳс Русия ҳарфи ҳалкунанда мезанад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон дар соли гузашта пешниҳоди Русия мабнӣ бар миёнаравӣ ҷиҳати ҳалли ин низоъро комилан рад карда ва бо ирсоли як нота ба Вазорати хориҷаи Русия норозогии худро аз чунин пешниҳод баён дошт ва мушкилоти марзиаш бо Қирғизистонро «кори дохилии ду кишвар хонд». Аммо, ҳоло чуноне таъкид шуд, намояндаи Иттиҳоди Аврупо бо пешниҳоди Тоҷикистон барои мулоқоти мақомоти масъули ду кишвар подармиёнӣ кард. Дигар яқин шуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ноилоҷ мондаанд, ки аз кумаки созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудрат барои ҳалли ин низоъ мадад хоҳанд.
Сафари чанд рӯз қабли Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Эрон ва ташкили кумитаи дифоии муштараки ду кишвар ва ишораҳо дар бораи харидории силоҳи Эрон, нишона ва аломати он аст, ки Тоҷикистон думболи иттифоқчии бартар ва беҳтар аз Русия аст. Чанд соли қабл, ки Узбакистон Роҳи оҳанро ба рӯи Тоҷикистон баст ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод ошкоро ба Узбакистон ҳушдор дод, ки ҳаракати қаторҳои ин кишвар тавассути қаламравашро масдуд хоҳад кард ва барои таъйиди ҳамкориҳои низомии ин ду кишвари форсизабон бахшида ба 20 солагии истиқлолият ҳудуди 150 афсару сарбози Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар реҷаи низомӣ дар Душанбе ширкат кард.
Яке аз сабабҳои зуд гарм шудани робитаи низомии Тоҷикистону Эронро ба ҳамин баҳсу даъвои марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон марбут медонанд. Иттифоқан, имрӯз Эрон низ дар иртибот ба ҷанги миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон вокуниш кард.
Хабаргузориҳо навиштанд, ки Вазорати корҳои хориҷии Эрон аз даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нигаронӣ карда, гуфтааст, ин ҳаводисро “бо нигаронӣ дунбол мекунад.”
Ҳоло маълум нест, ки бо ин баёния Эрон чи мехост бигӯяд. Вале дақиқан ки он бесобиқа аст ва баъид аст агар сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Теҳрон набуд, чунин баёнияе аз Эрон содир мешуд.
Набояд нодида гирифт, ки Русия дар ин баҳси марзӣ ҳавохоҳи Қирғизистон аст ва бо ин вуҷуд ки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон узви СПАД-паймони низомии таҳти пӯшиши Русияанд, аммо Тоҷикистон барномаи пешниҳодии Русия-Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро, ки бо номи «барномаи путинӣ» шинохта шудааст, қабул накардааст. Русия тавассути ҳамин баҳси марзӣ мехоҳад, ки бо дастони қирғизҳо Тоҷикистонро водор ба узвияти ин Иттиҳод кунад. Инҷо дар бораи фоида ва зиёни узвият дар ин Иттиҳод чизе зиёд намегӯем, вале як нукта бебаҳс аст, ки вуруди Тоҷикистон ба он барои мардумаш манфиати зиёд дорад. Аммо азбаски тиҷоратҳои миллиардии хонаводаи худи Раҳмон тавассути Чин дар миён аст, бо ҳар роҳу васила пазируфтани узвиятро кашол дода истодааст. Дар зимн, намояндаи Русия ҳам ба хонаводаҳои мотамзада изҳори таслият кардааст, вале гуфтааст, ки аз идомаи ташаннуҷи авзоъ «дар изтироб» аст.
Дар ҳар сурат имрӯз ҳатто аз тарзи инъикос ва бозтоби ҳаводиси рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар расонаҳои Русия бармеояд, ки онҳо низ ҳавохоҳи Қирғизистонанд. Дар барномаҳои онҳо бештар коршиносони қирғизӣ ва масъулони Қирғизистон суҳбат мекунанд, аз онҳо нақли қавл мешавад ва гузоришҳо тавре таҳия мешаванд, ки гӯиё тири аввалро тоҷикҳо зада бошанду тоҷикҳо ҳудуди қирғизҳоро, аз ҷумла дарғоти «Головной»-ро ишғол карда бошанд. Албатта, ин нуктаро ҳам ёдамон бошад, ки қирғизҳо назар ба мо-тоҷикҳо озоии баён доранд ва дастрасӣ бо онҳо барои хабарнигорон роҳаттар аст, чун ҳатто масъулини мо бидуни иҷозаи боло гап намезананд.
Вале ончи ки мушоҳида шуд ин аст, ки оҳанги гузоришҳояшон ҳам як навъ ҳавои қирғизҳоро дорад.
Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз анҷоми амалиёти ҷангӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва оғози гуфтушунид байни намояндагони ду кишвар, истиқбол кардааст. Дар изҳороти раисҷумҳури Қазоқистон, ки рӯзи 30-юми апрел нашр шуд, ибрози умедворӣ шудааст, ки раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон бо хирадмандӣ метавонанд ҳама масъалаҳои мавриди баҳсро танҳо тариқи мусолиматомез ҳаллу фасл намоянд.
“Дар навбати худ, ман омодаи талош барои ёфтани роҳи ҳалҳои қобили қабул барои ҳар ду тараф ва бозгардонидани эътимоди мутақобил ҳастам”-омадаст дар баёния.
Ҳамин лаҳзаҳо, ки ин матлаб омода мешуд, хабар омад, ки раиси Ҷумҳурии Узбакистон бо руасои ҷамоҳири Тоҷикистон ва Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Мусаллам аст, ки суҳбат дар бораи амният ва қатъи идомаи ҷангу хунрезӣ меравад. (Бархе аз расонаҳои русӣ, аз ҷумла «Новая газета»-и чопи Маскав аз кушта шудани 23 нафар дар ин низоъ хабар медиҳад). Ва дар хабарҳо омадааст, ки руасои ҷамоҳири ду кишвари дар ҳолати ҷанг-Тоҷикистону Қирғизистон изҳори омодагӣ кардаанд, ки рӯзҳои наздик бо ҳам дидор хоҳанд кард. То куҷо дар ин дидор мушкилоти марзӣ ҳал мешавад, ҳоло наметавон чизе гуфт, чун чуноне гуфтем аз ҳарду тараф барои гузашт ва созиш омода нестанд.
Барои мисол раиси Ҷумҳурии Қирғизистон мегуяд, ки мо бар зарари давлат ва халқи худ қарор қабул намекунем. «Мо саъй хоҳем кард, то ба нафъи давлат ва мардум тасмим бигирем».
Як рӯзи пештар хабарҳое нашр шуд, ки мегуфт,Қирғизистон дар саргаҳи дарёчаи Козу-Баглан, ки дар Тоҷикистон Хоҷабақирғон ном дорад, се обанбор сохтанӣ аст. Ин кор дақиқан ба хотири ба зону нишондани Тоҷикистон дар музокирот аст.
Сироҷиддини Муҳриддин, вазири хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистон замини медодагӣ надорад ва заминҳои таърихии худро пас мегирад: «ҳаргиз ҷонибдори додани қитъаи замине нест, ки аз қадим моли вай дониста мешавад”. Ишораи заминҳои таърихӣ ба ҳамон заминҳое аст, ки ҳоло болои онҳо барои мисол рустои Оқ-сойи Қирғизистон пайдо шуда ва ба маҳзи он роҳи Исфара -Ворух масдуд ва Ворух ба анклав табил шудааст.
Дар ҳар ҳол бо чунин мавзеъгириҳои ҷонибҳо ҳоло наметавон умедвор буд, ки масъалаи демаркатсия ва делимитатсияи марзи ду кишвар ба ин зудӣ анҷом меёбад ва ҳамин тавр низоъу муноқишаҳо такрор намешавад. Тарафҳо ногузиранд, ки рӯ ба миёнҷиҳои берунӣ оваранд, дар ғайри ин сурат ба вуҷуд омадани нуқтаи доғ ва ба давраи тулонӣ ногузир аст.