Ҳукумат мавҷи нави каронавирусро дар Тоҷикистон эътироф кард

Рӯзи 21 июн ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо раҳбарии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода доир гашт. Дар ҷаласа мавҷи вуҷуди каронавирус COVID-19 ва мавҷи тозаи он дар Тоҷикистон эътироф гардид.

Бино ба иттилои Ожонси иттилоотии ҳукуматии “Ховар”, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Масъулони Ситоди ҷумҳуриявӣ омили асосии дигарбора паҳншавии вируси COVID-19-ро дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва ғайра гуфтанд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ аз сокинон хоста, ки қоидаҳои беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоиро, хусусан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, тӯю маросими дафн ҷиддӣ риоя кунанд. Аммо дар мавриди дигарбора баста гардидани бозору масоҷид ва дигар маконҳои серодам чизе гуфта нашудааст.

Эътирофи Ҳукумат барои мавҷи дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки расонаҳои мустақили тоҷикӣ беш аз ду ҳафта мешавад, бо хабару гузоришҳои худ аз хуруҷи дигарбораи ин бемории ҳамагир иттилоъ медиҳанд. Аммо Вазорати тандурустии кишвар вуҷуди онро қотеъона рад карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.