14.9 C
Dushanbe

Ҳукумат: Мо аз ҲНИТ метарсем, на аз Толибон!

15-уми июл Ҳукумати Тоҷикистон матлаберо аз рӯзномаи “ИмрӯзНюс”, зери унвони “Толибони афғонистонӣ хатар надоранд, душмани миллат наҳзатиҳоянд” дар аксари расонаҳои расмии худ нашр кард.

Бознашри ин матлаб, аз ҷумла дар сомонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояту ноҳияҳо, сомонаҳои донишгоҳҳо ва ҳафтаномаву рӯзномаҳо анҷом шуд. Бознашри ин матлаб аз тағйири мавқеи расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи  ҳаракати Толибон дарак медиҳад.

Дар матлаби мазкур таъкид мешавад, ки Толибон ва забткориҳои онҳо мушкили давлату миллати мо нест ва ҳукумати феълии Афғонистон бо роҳи музокироти дуҷониба мушкилоти худро бо ин ҳаракат ҳаллу фасл хоҳад кард.

Ҳамчунин қайд гардида, ки “Ҳаракати Толибон, ки ҳадафи гирифтани қудрати сиёсиро дар кишвари худ дунбол мекунад, ба Тоҷикистон хатаре надорад. Ҷангиёни ин ташкилот дар тамоми давраи мавҷудияти худ ягон амали душманонае зидди мардумони кишвари мо анҷом надодаанд”.

Аммо ин суханҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки борҳо ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои узви СПАД, ба хусус Русия дар мавриди таҳдиди хатари Толибон ба Тоҷикистон кумак хостааст.

Эмомалӣ Раҳмон то як ҳафта қабл ҳангоми суҳбат бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар мавриди он, ки: “Ҳаракати Толибон мушкили дохилии ҳукумати Афғонистон аст” чизе намегуфт, балки ҳангоми суҳбатҳо ин ҳаракат “мушкилсоз ва таҳдид ба кишварҳои Осиёи Миёна” қаламдод мешуд. Ҳамчунин эъзоми 20 ҳазор сарбози эҳтиётӣ ба марзи Тоҷикистону Афғонистон низ далели он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ин гурӯҳ эҳсоси хатар мекунад.

Ҳамзамон Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии Афғонистон рӯзи 14-уми июл дар Душанбе аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай интиқод намуда, гуфт, ки вақтҳои ахир аксари кишварҳои дӯст дар баробари пешгирии фаъолиятҳои ғайриқонунии Толибон мисли пеш фаъол нестанд. Ангушти ишораи вазири корҳои хориҷаи Афғонистон ба тағйири мавқеъ кардани баъзе ҳукуматҳо, аз ҷумла Эрону Русия ва Тоҷикистон дар баробари Толибон равона шуда буд.

Ин матлаб вокуниши таҳлилгарони дохилии Тоҷикистон-ро низ дар пай дошт ва ин фарзияи ҳукуматро, ки Толибон ба кишвар таҳдид намекунанд, хелеҳо рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, чи дар сурати ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ва чи идома ёфтани ҷанг дар ин кишвар ҳамеша Тоҷикистонро хатари ноамниҳо таҳдид мекунад.

Муаллифи матлаб Субҳиддин Зиёев, ходими  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) худро муаррафӣ кардааст, мехоҳад бо панҷ далел исбот кунад, хатари Наҳзати исломӣ аз ҳаракати Толибон зиёдтар аст. Ваҷҳҳои овардаи муаллиф ба таври зайл хулоса мешаванд:

  • 8 кишвари Созмони ҳамкории Шанхай ҲНИТ-ро созмони террористӣ шинохтаанд;
  • ҲНИТ ба Аврупо паноҳ бурдааст ва ҳамеша аз ҳукумат интиқод мекунад;
  • ҲНИТ режими Тоҷикистонро ба беаҳамиятӣ дар баробари коронавирус айбдор мекунад;
  • ҲНИТ дар низоъҳои марзӣ аз Қирғизистон ҷонибдорӣ карда;
  • ҲНИТ дар хориҷа фаъолиятҳои зиддиҳукуматӣ анҷом медиҳад.

Биноан, ҲНИТ: “ҳазорон маротиба хатарноктар аз ташкилотҳои дигари террористӣ аст”, ва бо ин далоил аз Толибон хавфноктар будани ҲНИТ-ро иброз медорад.

Матлабе, ки дар расонаҳои кишвар бознашр шуд, бештар аз хатари дохилӣ, яъне ҲНИТ нақл мекунад. Дар ин матлаб таъкид мешавад: “Наҳзатиҳо то ҳанӯз аз террору қатли одамон ва ба кор бурдани усули зӯроварӣ даст накашидаанд”.

Аммо Бобоҷон Қайюмов, сухангӯи ҲНИТ дар ин бора назари дигар дорад. Вай мегӯяд, ин гурӯҳе, ки имрӯз хатари Наҳзати исломиро бештар аз Толибон медонанд, худашон то дирӯз Толибонро ҳаракати террористӣ ва эсктримистӣ дониста, фаъолияти онро мамнӯъ ва бо ҷурми ҷонибдорӣ аз ин ҳаракат даҳҳо ҷавонро зиндонӣ кардаанд.

Ба таъкиди ӯ, “ҳар ҳаракате, ки фаъол бошад ва дар муқобили ин ҳукумат изҳори назар кунад, камбудиҳои онро ошкор намояд, барои ин ҳукумат хатарноктар аз ҳар гурӯҳи дигар аст…”

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳаркати Толибонро узви созмонҳои террористӣ дониста, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.