Киҳо шомили “бахшиш”-и Эмомалӣ Раҳмон шуданд?

Бар асоси афви эълоннамудаи Эмомалӣ Раҳмон, 897 зиндонӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон озод карда шуданд, вале дар байни онҳо рӯзноманигорон ва сиёсиён нестанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми март фармони “бахшиши гуноҳ”-ро содир кард, ки тибқи он бояд 897 зиндонӣ шомили ин қарор мешуданд. То ҳол шумори дақиқи озодшудагон маълум нест, вале ба гузориши Радиои Озодӣ, бештар касоне озод шудаанд, ки қаблан корманди давлатӣ буданд ва бо ҷурмҳои қаллобӣ, порагирӣ, ҳамҷинсгароӣ ва дуздии амволи давлат зиндонӣ шуда буданд.

Ба гуфтаи манбаъ, чанд нафар аз озодшудаҳо, аз ҷумла Аскар Нурализода, собиқ корманди баландпояи Вазорати рушди иқтисод ва узви ҳизби ҳоким бо ҷурми гирифтани ним миллион доллар “пора” ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд. Инчунин Алимардон Ҷабборов, раиси пешинаи Идораи замин дар ноҳияи Рашт барои пешниҳоди ришва ба маъмурони амниятӣ маҳкум ба шаш сол зиндон ва Гулсара Тӯхтаева бо айбномаи тамаъҷӯӣ ва “шантаж” маҳкум ба ҳафт сол зиндон шуда буданд. Акнун инҳо ва амсолашон бо фармони Эмомалӣ ба озодӣ баромаданд.

Гуфта мешавад, маҳбусоне, ки бо ҷурми фасоду ришва зиндонӣ шуда буданд, дар ҳоле бахшида мешаванд, ки даҳҳо фаъолони маданӣ, афроди сиёсӣ ва хабарнигорон бо иттиҳомоти сохта дар зиндон қарор доранд ва онҳо шомили бахшиш нашудаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, касоне, ки ба ҷурмҳояшон эътироф карда, аз раисҷумҳур узрхоҳӣ мекунанд, аз маҳбас озод мешаванд ва аммо касоне, ки бегуноҳ дар ҳабс қарор доранд, барои ҷурмҳои накардаашон узрхоҳӣ намекунанд ва агар узр ҳам бихоҳанд ба хотири мухолифат бо худкоммагии Эмомалӣ шонси озод шуданашон хеле кам аст.

Ҳарчанд созмонҳои байналмилалӣ ва мухолифон вазъи ҳуқуқи инсон ва озодии баён дар Тоҷикистонро нигаронкунанда ва тоқатфарсо унвон кардаанд ва аз ҳукумат талаб мекунанд то зиндониҳои сиёсии бегуноҳро озод кунад, вале аз тарафи ҳукумат ба ин талабот посухе дода намешавад ва саркӯби мухолифон ҳамоно идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.