Кишварҳои аврупоӣ давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд

Рӯзи чоршанбе, 22-уми майи соли ҷорӣ кишварҳои Ирландия, Испания ва Норвегия аз тасмими худ дар бораи ба расмият шинохтани давлати Фаластин хабар доданд.

Сарвазири Норвегия Юнос Гор Стёре ба расонаҳо гуфт, ки ба расмият шинохтани давлати Фаластин аз ҷониби кишвараш аз рӯзи 28-уми майи соли ҷорӣ ба иҷро медарояд.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар ин рӯз чанд кишвари дигари аврупоӣ, ки ҷонибдори ба расмият шинохтани Фаластин ҳастанд, низ ба ин тасмим ҳамроҳ хоҳанд шуд. Аз ҷумла, кишварҳои Молта ва Словения ҳам қаблан барои пайвастан ба ин раванд хабар дода буданд.

Юнос Гор Стёре таъкид кард, ки “Роҳҳалли сиёсии ягона барои исроилиҳо ва фаластиниҳо ин эътирофи ду давлати ҷудогона аст, то ин ки онҳо дар канори ҳам дар сулҳу амният зиндагӣ кунанд.” Ӯ ҳамчунин гуфт, ба расмият шинохтани кишвари Фаластин ҳимоят аз тарҳи сулҳи арабӣ барои ҳалли буҳрони Ховари Миёна аст.

Ба иттилои расонаҳо, пас аз эълони ин тасмими кишварҳои аврупоӣ Исроил вокуниши тунд намуда, сафирони худро аз Дублин ва Осло фаро хондааст. Ҳамзамон давлати Испанияро ҳам таҳдид кардааст.

Исроил Катс, вазири корҳои хориҷии Исроил гуфт, ки ба расмият шинохтани Фаластин аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ метавонад монеи бозгардондани гаравгонҳои исроилӣ дар Ғазза шавад ва эҳтимоли оташбасро бо “додани подош ба ҷиҳодиҳои ҲАМОС ва Эрон” коҳиш медиҳад.

Аммо дар муқобил Маҳмуд Аббос, раисҷумҳури Фаластин аз ба расмият шинохта шудани кишварашро тавассути Нарвегия, Ирландия ва Испания истиқбол кард ва аз дигар кишварҳо низ хост, ки ба ин раванд бипайванданд.

Ба расмият шинохтани давлати Фаластин аз ҷониби бархе аз кишварҳои ғарбӣ дар ҳоле оғоз мешавад, ки 8 моҳ боз дар Навори Ғазза ҷанг байни Исроил ва ҲАМОС идома дорад ва артиши Исроил хона, бемористонҳо ва ҳамаҷоро ба шиддат бомборон дорад. Ба гуфтаи созмонҳои ҷаҳонӣ, дар Ғазза дигар ҷои пинҳоншавӣ вуҷуд надорад.

То кунун бар асари ин ҳамалоти бевақфаи Исроил болои мардуми Ғазза беш аз 35 ҳазор нафар ҷон бохта, наздики 77 ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, дар байни кушташудагон 70 дарсадашонро кӯдакону занон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.