Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилотест, ки 30 сол боз идома дорад ва бо вуҷуди ба кор даромадани чархаҳои Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” боз ҳам дар кишвар шуруъ аз фасли тирамоҳ то моҳҳои апрел-май мардум барқ надоранд.
Ин дар ҳолест, ки мувофиқи омори расмии Ҳукумат, “Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро баъд аз Хитой, Россия,ИМА, Бразилия, Конго, Ҳиндустон ва Канада ва ҷои аввалро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ишғол менамояд.“
Низ гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, айни замон танҳо4-5 дарсади он мавриди истифода қарор дорад. Худи мақомоти кишвар мегӯянд, “иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрузаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ се маротиба зиёдтар мебошад.”
Акс: Интернет
Вале бо вуҷуди бой будани Тоҷикистон аз ҳисоби захоири нерӯи барқ, мувофиқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар хусуси дастрасӣ ба нерӯи барқ соли 2020 кишвари мо дар байни 190 кишвари дунё мақоми 163-юмро ишғол кард.
Суолҳои бепосухе, ки ҳамеша сокинон ва корбарон матраҳ мекунанд, ин аст, ки агар Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар мақоми 8-ум ва дар Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор дошта бошад, пас чаро кишвар 6 моҳи сол барқ надорад ва мақомот ҳамеша аз камбуди обу захираҳои гидроэнергетикӣ ба мардум мегӯянд? Ва агар мо дар Осиёи Марказӣ аз ин ҳисоб дар мақоми аввал бошем, чаро дар кишварҳои ҳамсоя моҳҳо “лимит” ҷорӣ несту дар мо ҳаст?
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.