23.9 C
Dushanbe

Консули тоҷик аз мақомоти Бошқирдистон хост ба вуруди муҳоҷирони тоҷик иҷозат диҳанд

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Саид Эмом рӯзи 3 март бо муовини вазири оила, меҳнат ва ҳимояи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Бошқирдистон Ленара Иванова мулоқот анҷом додааст.

Бино ба навиштаи “Ховар” дар ин вохӯрӣ масъалаи иҷозати вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Бошқирдистон байни намояндагони ду кишвар гуфту шунидҳо доир гаштааст.

Гуфта мешавад консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Саид Эмом оид “иҷозати сафари дастаҷамъонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити бемории коронавируси нави COVID-19 ибрози назар намуда, доир ба фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва саноати кӯҳиву сабук маълумот дод”.

Дар ин дидор пешниҳод гардида, ки дар шароити паҳншавии бемории ҳамагири коронавирус ва баста шудани марзҳо бояд ҳарду ҷониб барои ҳалли роҳҳои ҷалби дастаҷамъонаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ва ширкати онҳо дар сохтмонҳои иншооти бузург ва соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Бошқирдистон талош кунанд.

Зимни суҳбат муовини Сарвазир — вазири оила, меҳнат ва ҳимояи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Бошқирдистон Л. Иванова иброз дошта, ки “дар ҳақиқат Ҷумҳурии Бошқирдистон ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои сохтмони иншооти бузург ниёз дорад. Мавсуф ба намояндагони мақомоти дахлдори кишвар, ки дар вохӯрӣ иштирок доштанд, супориш дода, ки рӯзҳои наздик гурӯҳи  корӣ ташкил карда, роҳҳои ҳалли ҷалби дастаҷамъонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистонро дида  бароянд”, омадааст дар хабар.

Хотирнишон менамоем, ки мақомоти Русия борҳо иброз доштаанд, ки баъд аз шуюъи пандемия ва баста шудани марзҳо дар ин кишвар қувваи корӣ намерасад. Бар ҳамин асос шуруъ аз аввали моҳи марти соли ҷорӣ як ширкати сохтмонии Русия “Тех-строй” худ ба Тоҷикистон омада коргар меҷӯяд. Ба гуфтаи намояндагони ин ширкат айни ҳол мехоҳанд то 1000 коргарро аз Тоҷикистон барои кори сохтмонӣ дар Русия ҷалб кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.