Мақомоти Тоҷикистон аз Кореяи Ҷанубӣ хостаанд, ки як маркази иҷозати шуғл дар қаламрави кишвар таъсис диҳад.
Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 5-уми ноябри соли 2024, Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Лим Син Мук, муовини Президенти Хадамоти захираҳои инсонии Кореяи Ҷанубӣ оид ба масъалаҳои қувваи кории хориҷӣ ва шуғли ҷаҳонӣ мулоқот кардааст.
Ба қавли манбаъ, ин мулоқот, ки дар Шаҳри Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, ҷониби Тоҷикистон аз Корея хостааст, ки ба хотири соддатар кардани раванди фиростодани муҳоҷирони корӣ ба он кишвар як маркази шуғли таъсис диҳад. Инчунин дар рафти ин дидор ҷонибҳо дар “барои фиристодани шаҳрвандони кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ ба Корея мубодилаи афкор намуданд.”
Бо таваҷҷуҳ ба арзёбиҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳукуматҳои фасодза дар миёқси кишварҳои минтақа ва дар сатҳи ҷаҳон аст. Ба андешаи мунтақидон, ин ҳукумат на худаш дар дохили кишвар ба мардум ҷои кор месозад ва на ба тоҷирону соҳибкорон имконият фароҳам меорад, ки корофаринӣ кунанд.
Гуфта мешавад, Корея Ҷанубӣ бо таваҷҷуҳ ба он ки ҷузви ҳамсояҳои Тоҷикистон нест, вале барои ҷои пойи худро дар бозори иқтисодӣ беш аз пеш муҳкамтар кардан ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон кумакҳои зиёде кардааст.