13.9 C
Dushanbe

Кормандони бузургсолро дар Тоҷикистон ба рухсатӣ мефиристанд

Дар Тоҷикстон кормандони бузургсол ва нафақахӯронро аз идораҳои давлатӣ барои пешгирӣ аз сирояти каронавирус ба рухсатӣ мефиристанд. Ин ба он хотир гуфта мешавад, ки афроди сину солашон боло дар баробари бемории ҳамагири COVID- 19 осебпазир ба ҳисоб мераванд.

Масъулони  баъзе оҷонсиву кумитаҳо ба афроди солманд иҷоза додаанд, ки бе навбат ба рухсатии меҳнатӣ раванд.

Гуфта мешавад, ин ҷузъе аз чораҳои пешгирӣ аз сирояти короновируси будааст.

Ҳасан Холиқзода, корманди Вазорати кишоварзӣ ва муовини раиси Ситоди мубориза бо COVID-19 дар ин вазорат рӯзи 11-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “кормандоне, ки сину солашон аз 60 боло ва тибқби шартнома кор мекунанд, мувофиқи супориши роҳбарият ба рухсатӣ фиристода шуданд. Ин чора ба хотири пешгирӣ аз беморӣ андешида шудааст”.

Ба гуфтаи Холиқзода бар замми ин агар ягон корманд, худро бад ҳис кунад ва ягон нишонае аз бемориро дар худ эҳсос намояд, ба духтур муроҷиат мекунанд ва рухсатии тиббӣ мегиранд.

Як тадқиқоти Радиои Озодӣ нишон додааст, дар Тоҷикистон баръакси таҷрибаи роиҷ дар ҷаҳон дар замони пандемияи короновирус дар идораву ташкилотҳои давлатӣ кормандона имкони кори фосилавӣ бо интернетро надоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз баъзе идораҳои давлатии дигар хабар мерасад, ки онҳо низ кормандони солмандро аз ба рухсатии меҳнатӣ гусел кардаанд.

Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон Афшин Муқим, гуфтааст, аз оғози сирояти короновируси нав дар кишвар бо дастури Ситоди мубориза бо COVID 19 ба кормандони куҳансоли кумита “бидуни навбат рухсатии меҳнатӣ дода шуд”.

Ин дар ҳолест, ки соли 2015 бо дастури ёрдамчии раисҷумҳур дар умури кадрҳо идораҳои давлатӣ Асадулло Раҳмон, аксар кормандони нафақахӯрро аз кор сабукдӯш намуда буданд. Дар асл ниҳоду идораҳои давлатӣ афроде, ки ба синни нафақа расидаанд аксаран ба таври истисноӣ, дар сурати набудани мутхассисони ҷавон бо шартномаи корӣ ба муҳлати муайян ба кор мегиранд.

Ба назари коршиносон, қишри ҷавони кишвар, ки ҳам аз қувваи корӣ ва ҳам аз қувваи зеҳнӣ бархӯрдоранд, бештарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ хориҷ аз Тоҷикистон қарор доранд ва бархеи дигар, ки дар дохиланд аз сабаби паст будани маоши корхонаҳои давлатӣ кор намекунанд. Аммо дар идораҳои ба қавле “равғанӣ” ва сердаромад бе пушту паноҳ касеро ба кор намегираед.

Дар тамоми ҷаҳон баъди хуруҷи бемории COVID-19 корхонаҳо ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ коргарон бо дастрасӣ ба интернет тариқи онлайнӣ кори худро пеш мебурданд ва ё ҳузурӣ дар корхона бо риояи фосили байни ҳамдигар кормандон кор мекарданд, вале дар Тоҷикистон дар баробари эълон гардидани вуҷуди каронавируси нав ҳукумат таҷрибаи электронӣ ва ё аз хона тариқи интернет кор кардани кормандонро роҳандозӣ накарда буд.

Азизбой Калонзода, як мутахассиси фановариҳои иттилоотӣ гуфтааст: Баробари эълони пандемияи короновирус дар аксар кишварҳои ҷаҳон, чи дар бахши идораҳои давлатӣ ва чи бахши хусусӣ бо истифодаи технологияҳои навин ба тарзи фосилавӣ корро пеш мебурданд.

Ба гуфтаи Калонзода “бисёр давлатҳо дар чунин шароит ба хизматчиёни давлатӣ имкон доданд, ки аз хона ба таври фосилавӣ корашонро анҷом диҳанд. Аммо дар Тоҷикистон бинобар рушд наёфтани ҳукумати электронӣ ва ҳанӯз пурра фароҳам набудани инфрасохтор, суръати пасти интернет ва нархи гарон аз ин имкониятҳо истифода намешавад. Дар натиҷа риски сирояти одамон ба вирус бештар мешавад”.

Аммо маълум нест, ки каромонадони солманде, ки ба рӯхсатӣ фиристода шудаанд, маошҳояшонро дарёфт мекунанд ё хайр. Баъди хуруҷи каронавирус дар Тоҷикистон дар баъзе корхонаҳо кормандонашонро ба рухсатии бемузд фиристода буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.