Иқтисод

Бонки исломии рушд миллионҳо доллар барои бунёди "Роғун" ҷудо мекунад

Бонки исломии рушд (БИР) барои иҷрои чаҳор тарҳ дар Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 250 миллион доллар ихтисос медиҳад.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Муовини раиси Бонки исломии рушд Мансур Мухтор зимни сафари корӣ ба Душанбе рӯзи 6-уми феврал бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот дошт.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо "масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таҳияву татбиқи Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз бӯҳрони пандемия, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мо, пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табииро, ки дар аксар маврид боиси хисороти зиёди иқтисодиву молӣ ва ҳатто талафоти ҷонӣ мегарданд, муҳокима намуданд."

Муовини раиси БИР дар фарҷоми ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт:

"Соли равон Бонки исломии рушд барои татбиқи чаҳор лоиҳа, ки аз лоиҳаҳои муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 250 миллион доллар ҷудо мекунад".
Муовини раиси БИР Мансур Мухтор

Ӯ ҳамчунин дар идома таъкид кард: "Дар ин самт Бонки исломии рушд талошҳоро барои ҷалби сармояи дигар сохторҳо ва ниҳодҳои молиявӣ ба лоиҳаи НБО "Роғун" пурзӯр хоҳад кард."

Тибқи иттилои муовини раиси БИР аз замони оғози ҳамкорӣ бо Тоҷикистон бонки мазкур дар ин кишвар 92 тарҳро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва ғайра ба маблағи беш аз 620 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки БИР соли 1973 таъсис ёфта, як созмони байналмилалии молиявӣ мебошад. Мақарраш дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ буда, бо ҳукуматҳои 57 давлати исломӣ ҳамкорӣ дорад ва лоиҳаҳаи стратегии давлатиро маблағгузорӣ мекунад.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Иқтисод

Иқтисод

Дар Тоҷикистон наздик ба як миллион нафар дар гуруснагӣ ба сар мебаранд

Тоҷикистон

Банкоматро дар Хатлон ғорат карданд, бонк хабар надорад

Тоҷикистон

Лимити барқ кай бардошта мешавад?

Тоҷикистон

Коҳиши воридоти орду гандум ба Тоҷикистон