18.8 C
Dushanbe

Кумакхоҳии Шамсиддин Саидов аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар

Шамсиддин Саидов, узви аршади ҲНИТ аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хостааст, ки барои дарёфти маълумот дар бораи писараш ба ӯ кумак кунанд.

Ирмӯз, 28-уми феврали соли 2023, Шамсиддин Саидов, яке аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон хостааст, ки барои дарёфти маълумоти дақиқ дар бораи писараш Абдуллоҳи Шамсиддин ба вай кумак кунанд.

Падари Абдуллоҳи Шамсиддин мегӯяд, “вазири корҳои дохилӣ ва прокурори генералӣ аз макони буду боши ӯ, аслан аз (вуҷуд доштани) Абдуллоҳ эълони бехабарӣ намуданд ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам муҳри сукут бар даҳон задааст.

Ин фаъоли сиёсии Тоҷикистон мегӯяд, умедҳо дар бораи зиндаву саломат будани Абдуллоҳи Шамсиддин хеле кам шудааст “ва бо расидани баъзе хабарҳои ахир, ки эҳтимолан зери фишорҳо саломатиашро комилан аз даст додааст ё ҳатто зинда набуданаш моро фаро мегирад.

Ин узви арашди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо таъкид мегӯяд: “Аз тамоми созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҳуқуқи башарӣ, сафоратҳое, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, хоҳиш мекунм, ки барои пайдо кардани фарзанди ман Абдуллоҳи Шамсиддин дар Тоҷикистон кумак намоянд.”

Гуфта мешавад, мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро аз тариқи Туркия бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон ихроҷ карданд ва дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мақомот ӯро боздошт ва ба ҷои номаълум бурданд ва то кунун дар бораи ӯ ҳеч иттилое надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти бародари Тошиев дар Қирғизистон

Шаирбек Тошиев, бародари хурдии собиқ раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст.

Нақшаи даъвати ҷавонон дар Бадахшон ва Хатлон пурра иҷро шуд

Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар рӯзи аввал пурра иҷро шудааст.

Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои тиббиро афзоиш медиҳанд

Бар асоси имзои як ёддошти ҳамкорӣ ширкатҳои беҳдоштии чинӣ омодаанд дар зерсохторҳои тиббии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Марги 29 нафар бар асари суқути ҳавопаймои ҳарбии Русия дар Қрим

Рӯзи 31-уми марти соли 2026 дар нимҷазираи Қрим як ҳавопаймои ҳарбии Русия тамғаи Ан-26 суқут кард.