Кумакхоҳии Тоҷикистон аз Русия барои мубориза бо коронавирус

12-уми ноябр нишасти сарони Шӯрои кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ бо меҳварияти мубориза бо коронавирус тариқи он-лайн баргузор мешавад.

Ба иттилои  ТААС, Нишасти навбатти сарони Шӯрои кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ аз тариқи видео-конфрос баргузор гардида, дар он бештар ба масоили  тандурустӣ ва бахусус роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемории ҳамагири коронавирус тамаркуз хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки мавҷҳои ҷадиди коронавирус дар ҷаҳон аз нав хурӯҷ карда, Тоҷикистон аз Русия хостааст, ки ҳамкориҳои худ дар бахши тандурустиро байни ду кишвар тақвият бахшад.

Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали Вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҳишияи нишасти “Вазъият ва чашмандози ҳамкориҳои башардӯстона байни Тоҷикистону Русия: омӯзиш, илм ва фарҳанг”, ки тариқи он-лайн баргузор шуд, гуфт: пизишкони тоҷик аз ҳамкорони русии худ мехоҳанд, ки дар беҳтар кардани низоми тандурустии ду кишвар ва масоили мубрами тандурустӣ кумак кунанд.

Гуфтанист, Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар соли ҷорӣ 30-солагии худро қайд мекунад. Ин созмон дар соли 1991 баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравӣ дар Минск бо ташаббуси се кишвар Русия, Билорус ва Укроин таъсис дода шуда буд. Дар ҳоли ҳозир 9 узви комилҳуқуқ, 1 узви одӣ ва 2 узви нозир дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.