-3.1 C
Dushanbe

Кушта шудани даҳҳо зану кӯдак дар ҳамлаи шадиди Исроил ба шимоли Ғазза

Бино ба иттилои расонаҳо, артиши Исроил давоми ду рӯзи ахир минтақаи шимоли Ғаззаро ба шиддат бомборон кард, ки наздики 70 нафар кушта ва 147 нафар захмӣ шуданд.

Чанд рӯзи ахир артиши Исроил Байти Лоҳия ва урдугоҳи паноҳандагони Ҷабалияро шадидан мавриди ҳадаф қарор додааст. Ба иттилои расонаҳо, дар натиҷаи бомборонҳои бомдоди рӯзи душанбе танҳо аз як хонавода 28 нафар кушта шудааст, ки 13 нафарашон кӯдакон будаанд. Аз сабаби набудани гурӯҳҳои имдодрасон мардум то ҳол натавонистаанд ҷасади 11 нафари дигарро аз зери овораҳо берун биёранд.

Тавре расонаҳо иттилоъ медиҳанд, артиши Исроил дар шимоли Ғазза махсус хонаҳоеро бомборон мекунад, ки соҳибони онҳо намехоҳанд хонаҳои худро тарк кунанд ва ба дигар ҷой муҳоҷир шаванд.

Масъулини беморхона Камол Удвон гуфтаанд, ҳоло даҳҳо нафари дигар зери оворҳои дирӯза ва имрӯза боқӣ мондаанд, ки мутаассифона, ба сабаби набудани имконот ва нарасидани кумакҳо наметавонанд онҳоро берун бароранд.

Гуфта мешавад, имрӯз 39-ум рӯз аст, ки артиши Исроил бе таваққуф шимои Ғаззаро бомборон дорад. Расонаҳо гузориш медиҳанд, ки дар ин минтақа вазъи инсонӣ фалокатбор аст ва аҳолии Ғазза, аз ҷумла занону кӯдакон дар зери бомбҳои Исроил ва қисме аз гуруснагӣ дар пеши чашми олам ҷон медиҳанд, вале касе нест ба онҳо дасти кумак дароз кунад.

Ба иттилои Вазорати беҳдошти Ғазза, Исроил ба шимоли Ғазза, аз ҷумла ба минтақаи Ҷабалия аз оғози моҳи октябри соли равон ҳамлаи заминиро шадидтар карда, аҳолиро дар муҳосираи бисёр сахте қарор додааст, ки хеле аз аҳолӣ бо хӯрдани нону намак ҷони худро аз даст доданд.

Артиши Исроил иддао карда, ки рӯзи душанбе дар Ҷабалия ба хонаҳое ҳамла карда, ки “ткррористҳо дар ҳоли амалиёт буданд” ва талош карда ба ғайринизомиён камтар осеб ворид кунад. Аммо аз хонаҳои бомбороншуда танҳо ҷасади занону кӯдакон берун бароварда шудааст.

Дар ҳамин ҳол Ҳаракати ҲАМОС эълом кард, ки дар Ҷабалия танҳо рӯзи сешанбе бо силоҳои RPG-Ёсин се тонки артиши Исроилро тарконда ва дар Байти Лоҳия 4 сарбози исроилиро аз по даровардаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 7-уми октябри соли 2023 то кунун, мувофиқи маълумоти расмӣ, 43 ҳазору 665 нафар кушта ва 103 ҳазору 76 шахси дигар захмӣ шудаанд, ки беш аз 70 дарсади онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон

Душанбе ва Исломобод қасд доранд, ки як роҳи тарнзитии...

Дар Русия имтиҳони забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон иҷборӣ мешавад

Думаи давлатии Русия аз лоиҳаи қонуне пуштибонӣ кард, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон барои қабул шудан дар мактабҳои ин кишвар бояд аз забони русӣ имтиҳон супоранд.

Имзои Ёдошти тафоҳум байни Тоҷикистону Покистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Покистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикии худ Ёдошти тафоҳум имзо мекунанд.

Тазоҳурот дар Дортмунд барои раҳоии Дилмурод ва Абдуллоҳ

10-уми декабри соли ҷорӣ гурӯҳе аз фаъолони муқими Олмон бо талаби озодии Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин дар назди бинои кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунд ҷамъ омаданд.