33.9 C
Dushanbe

Кушта ва захмӣ шудани муътаризон дар Судон

Бо гузашти як рӯз аз кӯшиши табаддулоти давлатии артиши Судон ҳамоно мардум дар кӯчаҳо даст ба эътироз зада, кудетои низомиёнро маҳкум мекунанд.

Шабакаи “Ал-Ҷазира” хабар дод, ки дар натиҷаи пароканда кардани муътаризон 7 нафар кушта ва ҳудуди 150 нафари дигар захмӣ шудааст.

Бо вуҷуди бархӯрди хашини низомиён бо тазоҳуркунандагон эътилофи Нерӯҳо озодӣ ва тағйирот дар Судон хостори густариши инқилоби осоишта барои ҷилавгирӣ аз ба сари қудрат омадани низомиён дар ин кишвар шуд.

Дар пасманзари бархӯрди шадиди низомиён бо муътаризон, Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид имрӯз сешанбе нишасти махсус барои баррасии авзоъи Судон баргузор мекунад.

Инчунин эътилофи Нерӯҳои озодӣ ва тағйирот дар Судон хостори исён ва коршикании умумӣ ва ба кӯча баромадани шаҳрвандон шуд.

Эътирози ҷомеаи мадании Судон дар вокуниш ба эълони бекор кардани қисме аз моддаҳои Қонуни асосӣ аз ҷониби раиси Шӯрои раҳбарии ин кишвар Абдулфаттоҳ Бурҳон шиддат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол “Анҷумани мутахассисони судонӣ” дар вокуниш ба қарорҳои Бурҳон мардумро низ ба эътироз кардан ба кӯчаҳо фарохонд. Дар ҳаракати мардумӣ баёнияе эълом дошт, ки “Бурҳон ниҳояти худро бо дасти худаш навишт ва акнун бояд ғазаби мардумро мунтазир бошад”.

Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”, 6 кишвар, аз ҷумла Амрико, Фаронса, Бритониё, Нарвегия, Ирландия ва Эстония аз Шӯрои Амнияти СММ баргузории ҷаласаи изтирориеро дар мавриди Судон хостор шуданд. Ин хабаргузорӣ гуфт, ки ҷаласа пушти дарҳои баста баргузор мешавад ва пас аз ҷаласа намояндаи махсуси СММ ба баррасии авзоъ ба Судон фиристода хоҳад шуд.

Аммо то ҳол Шӯрои Амнияти СММ ҳеч вокуниши расмие дар баробари қарорҳои Абдулфаттоҳ Бурҳон накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.