13.9 C
Dushanbe

Кӯтоҳу камхарҷ, вале хатарнок. Долоне дар масири Эрон ва Осиёи Миёна

Акс: аз “Sputnik”

Долони масири миёни Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон (KTAI) роҳе камхарҷу кӯтоҳ барои савдо ва табодули молу коло аст. Вале амният ва бехтарӣ дар он таъмин нест.

Шералӣ Ганҷалзода, сардори Хадамоти назорат ва танзими соҳаи нақлиёти вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар як гуфтугӯ ба “Sputnik” гуфтааст, ин долон пас аз баста шудани марзҳои Туркманистон ба рӯи мошинҳои боркаше, ки аз бандарҳои ҷанубии Эрон ба Осиёи Миёна молу коло мекашониданд, ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ қарор дошт:

“Ин як тарҳи пилотӣ буда, аз сӯи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) ҳамчун роҳандозӣ шудааст. Ҳадаф эҷоди як масири алтернативии тиҷорӣ аст. Мо аз он интизориҳои зиёд дорем, аммо суол ин ҷост, ки оё вазъи амниятии Афғонистон то куҷо ба амалӣ шудани он созгорӣ мекунад. Аввал бояд дид, ки мошинҳои боркаш чӣ гуна рафта меоянд, харҷашон чӣ қадар мешавад. Агар тарҳ муваффақ шавад, бешак, ба рушди тиҷорати минтақаӣ такон хоҳад дод”, – гуфт Шералӣ Ганҷалзода.

Истиқболи мақомоти тоҷик аз истифодаи ин даҳлези ҷодаӣ дар ҳоле аст, ки 26 июл расонаҳои эронӣ аз ифтитоҳи он барои интиқоли молу коло хабар доданд. Мустафо Оятӣ, мудири кулли транзити гумруки Эрон гуфта буд, ки панҷ мошини боркаш тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон рафтанд, ки бо анҷоми ташрифоти “TIR carnet” дар гумруки Дуғорун расман масири КТАИ ифтитоҳ шуд.

Дар ҳамин ҳол, ин бори аввал нест, ки аз ифтитоҳи ин даҳлез ва ирсоли аввалин мошинҳои боркаш ба Тоҷикистону Қирғизистон хабар дода мешавад.

4 марти соли равон Иттиҳоди байнулмилалии нақлиёти заминӣ (The International Road Transport Union, IRU) низ аз ифтитоҳи роҳрав ё даҳлези Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон (KTAI) ва ирсоли озмоишии як корвони боркашонҳои TIR аз бандари Бандараббос, яке аз 100 бандари бузурги ҷаҳон, тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

Бар асоси гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ, ҷамъияти кулли чаҳор кишвари тӯли даҳлез беш аз 128 миллион нафар ва тамоми тавлиди нохолис дохилӣ (ТНД) – и онҳо наздик ба ним трилион доллар аст.

Бино ба иттилои Иттиҳоди байнулмилалии нақлиёти заминӣ (IRU), даҳлези Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон (KTAI) кӯтоҳтарин масири мумкин байни Эрон ва Қирғизистон аст, ки TIR тариқи он 5 рӯз дар замони транзити маъмул вақт сарфаҷӯӣ мекунад ва китобчаи Carnet TIR вақти иниқоли молу колоро ба 80% ва хароҷоти роҳро то 38% коҳиш медиҳад.

Коршиносони умури иқтисодӣ ин долони ҷодаиро барои Тоҷикистон аз он ҷиҳат муҳим медонанд, ки дар ин авохир молу колои воридотӣ аз Эрон ба Тоҷикистон дар марзи Туркманистон банд мемонад ва гоҳо соҳибкорон ва тоҷирон аз ин ҳисоб зарари ҷиддии иқтисодӣ мебинанд. Туркманистон тайи солҳои ахир  барои транзити васоили нақлияи молкашон барои Тоҷикистон монеа эҷод карда истодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.