Мақомот истирдоди даҳҳо фаъоли зодаи Бадахшонро аз Русия талаб дорад

Дар феҳристи мақомоти Тоҷикистон адади зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боздошт ва истирдоди онҳо аз Русия талаб мешавад, афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохта дар феҳристи наве, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳия кардаанд, номи ҳудуди 30 нафар аз фаъолони шаҳрвандӣ, ки 4 нафари онҳо занон мебошанд, оварда шудааст.

Мақомоти тоҷик аллакай ба ҳамкорони русаш барои боздошт ва ба таври иҷборӣ ба ватан баргардонидани фаъолон дархост ирсол кардааст.

Дар ин феҳрист исми фаъолони шаҳрвандие омадааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар бораи ҳаводиси се соли ахир дар ВМКБ изҳори назар карда, аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон интиқод кардаанд ва дар ҷамъоварии кумак ба хонаводаҳои қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ ва маҳбусони сиёсии ин вилоят саҳм доштаанд.

Анора Саркорова мегӯяд, ки дар як моҳи ахир ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дастикам алайҳи се ҷавондухтари помирӣ бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноии ҶТ парванда боз кардаанд.

Хешовандони фаъолони маданиро барои фаҳмидани макони будубоши онҳо ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил даъват карда, хостаанд, ки фаъолонро водор созанд то ихтиёран ба Ватан баргарданд, ба мақомот таслим шаванд ва аз раисҷумҳури кишвар бахшиш бихоҳанд.

Гуфта мешавад, 1-уми феврали соли ҷорӣ модари рӯзноманигор Анора Саркороваро низ бори дигар ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъват карда, дар бораи кушода шудани парвандаи “даъвати оммавӣ барои иҷро намудани амалҳои экстремистӣ” (моддаи 307) бар зидди духтараш ба ӯ хабар додаанд.

Инчунин Анора Саркорова мегӯяд, ки тақрибан як моҳ пеш як ҷавондухтари помирӣ бо тавсия волидайнаш ва ба ваъдаи мақомот бовар карда, ба Ватан баргашт, аммо наздиконаш то ҳол дар бораи макони будубош ва вазъи феълии ӯ чизе намедонанд.

Номи афроде, ки мақомоти тоҷик нисбаташон парванда боз кардавуу аз мақомоти Русия истирдодашонро талаб кардааст, маълум нест.

Аммо сомонаи “Медиазона” исми тақрибан сад ҳазор нафареро нашр кардааст, ки Вазорати корҳои дохилии Русия онҳоро ҷустуҷӯ дорад. Дар миёни афроде, ки онҳоро Русия кофтуков дорад, 6585 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва инчунин даҳҳо нафар аз шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули сиёсатмадорон ва мансабдорони Аврупо, сарбозони Украина ва ғайра ҳастанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шумори қурбониёни ҷанги Ғазза баъд аз эълони оташбас аз 1300 кас гузашт

Вазорати тандурустии Ғазза эълом кард, ки дар 24 соати гузашта дар пайи ҳамлаҳои Исроил 7 кас кушта шуда ва 30 захмии дигар ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.

Раҳмон дар паради низомӣ аз афсарону сарбозон чӣ хост?

Дар майдони "Истиқлол"-и пойтахт рӯзи 7-уми сентябр ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон паради низомӣ баргузор гардид.

Аврупо мехоҳад муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кишварҳои сеюм ихроҷ кунад

Баъзе кишварҳои аврупоӣ талош доранд, то охири соли ҷорӣ бо кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси марказҳои бозгардонии муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба созиш бирасанд.

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?