26.9 C
Dushanbe

Мақомот мехоҳанд бародари як мухолифи тоҷикро аз хонааш берун кунанд

Мақомоти ноҳияи Зафаробод мехоҳанд замини як мухолифи тоҷик Салим Султонзодаро, ки дар он бародараш хона сохтаасту зиндагӣ мекунад, мусодира кунанд.

Салим Султонзода, сухангӯи Паймони миллии Тоҷикистон 22-уми майи соли ҷорӣ дар саҳфаи фейсбукиаш аз фишори навбатии мақомот болои пайвандонаш дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи Султонзода раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Исмоилзода Зуфархон мехоҳад, ки бародараш Исобоев Ҳалимҷон ва ҳамсару ду фарзанди ӯро аз манзилашон берун кунад.

Исмоилзода Зуфархон дар аризаи даъвогияш ба Додгоҳ, гуфтааст, ки “Дар асоси эътирози прокурори ноҳияи Зафаробод, Қарори раиси Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод аз 06.06.2008 сол таҳти №58 оиди ба номи шаҳрванд Исобоев Салим ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, бинобар ғайриқонунӣ будан” аз ҷониби раиси ҳамин ҷамоат рӯзи 4-уми майси соли 2024 бекор шудааст.

Раиси ноҳияи Зафаробод дар ин аризааш иддаои дорад, ки ин манзил “моликияти бесоҳиб ва ғайриқонунӣ сохташуда” аст ва онро бо як амраш дар рӯзи 15-уми майи соли ҷорӣ ба қайди давлатӣ ҳамчун моликияти давлатӣ гирифтааст.

Ҳамзамон Исмоилзода гуфтааст, ки пайвандони Салим Султонзода саркашӣ доранду аз ин хона берун баромаданӣ нестанд ва аз додраси ноҳияи Зафаробод хостааст, ки онҳоро бе додани дигар манзил аз ин хона берун кунанд.

Аммо Салим Султонзода дар суҳбат бо Azda.tv иддаои раиси ноҳияро дар бораи ғайриқонунӣ ҷудо шудани замин рад карда гуфт, ки ин қарор дар соли 2008 ҳам аз ҷониби меъморон ва ҳам аз ҷониби раиси ноҳияи тасдиқи худро ёфта буд ва он ғайриқонунӣ нест.

Сухангӯи ПМТ мегӯяд, ки ин заминро он сол, замоне ки дар хонаи модараш зиндагӣ мекард ба хотири ҳамсари бемори бародараш ба онҳо дода буд ва беш аз 15 сол боз бародараш ҳамроҳи оилааш дар хонае, ки дар ин замин сохта шудааст, зиндагӣ доранд.

Салим Султонзода таъкид мекунад, дар додани замин ва сохтани хона ягон кори ғайриқонунӣ сурат нагирифтааст ва мақомот бо берун кардани бародараш аз ин хона мехоҳанд болои ӯ фишор оранд, то аз фаъолиятҳои сиёсиаш даст кашад.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мақомот болои пайвандони Салим Султонзода фишор меоранд. Дар гузашта модар ва бародару пайвандони ин мухолифи тоҷикро чандин бор соатҳо боздошту бозпурсӣ карда буданд.

Аризаи даъвогии раиси ноҳияи Зафаробод фардо, 24-уми майи соли ҷорӣ дар Додгоҳи ҳамин ноҳия баррасӣ хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.