7.9 C
Dushanbe

Мақомоти Тоҷикистон риштароширо дубора оғоз кардаанд

Мақомоти Тоҷикистон пас аз ҳодисаҳои хунини атрофи Маскав маъракаи риштароширо аз нав дар пойтахти кишвар оғоз кардаанд.

Гуфта мешавад, ин тасмими мақомоти тоҷик дар пайи боздошти ҳудуди 15 нафар бо иттиҳоми қасди ҳамлаҳои террористӣ доштан дар Тоҷикистон, (ки баъдан Кумитаи давлатии амнияти миллӣ инро рад кард) гирифта шудааст. Аммо худи мақомот то ҳанӯз дар бораи риштарошӣ тавзеҳе надодаанд.

Бархе корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин рафтори мақомот шикоят карда, навиштаанд, ки дар Душанбе маъракаи риштарошӣ шуруъ шуда, мақомот ҷавононро боздошт карда, бо таҳқирҳои зиёд “ришашонро қоқ” тарошидаанд. Корбарон чунин рафтори мақомотро нисбати шаҳрвнадон ғайриқонунӣ дониста, сабаби ба вуҷуд омадани гурӯҳҳои ифротгаро донистаанд.

Пештар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои расмӣ тайи солҳои 2013-2016 чунин маъракаҳоеро ба сурати расмӣ анҷом дода буданд. Ҳатто наворҳое ҳам нашр шуда буд, ки пулис дар кӯчаҳо ҷавонони ришдорро дошта, ришашонро метарошиданд.

Он замон ҳар чанд номи ин маъракаҳои худро “фаҳмондадиҳӣ” ё “ба тартиб даровардани риши мардон ва рӯймоли занон” муаррифӣ мекарданд, аммо ҳама медонист, ки ҳадаф аз роҳандозии ин иқдомҳои ғайриқонунӣ мубориза бо риши мардон ва ҳиҷоби занон аст.

Он замон ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар борҳо дар суханрониҳояш ҳадаф аз ҷорӣ намудани ин маъракаҳои риштарошиву сатркаширо “мубориза бо зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм” гуфта, аз онҳо пуштибонӣ карда буд.

Аммо, дар баробар таҷриба нишон дод, ки ҷорӣ намудани ин гуна маъракаҳои ғайриқонунӣ аз чанд ҷиҳат, дар сатҳи ҷаҳонӣ ба зарари эътибори Тоҷикистон анҷом шудааст.

Инчунин тибқи оморҳои расмӣ дар Тоҷикистон теъдоди онҳое, ки ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро ва ҳаросафкан пайвастаанд, чанд баробар зиёдтар шудааст.

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои хунини Маскав, ки то ҳол таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои гумонбарони боздоштшуда ба анҷом нарасидааст, аллакай суолҳои зиёдеро барои дуруст будани иддаоҳои мақомоти Русия дар ин хусус ба бор овардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.