Маҳмурод Одинаев боздошт шуд

Имрӯз 5-уми декабр Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон боздошт шуд. Дар ин бора раиси Ҳизб Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

Зойиров аз мақомот хостааст ҳарчи зудтар сабаби боздошти муовинашро расман шарҳ бидиҳанд. Ӯ менависад:

“Сабаби боздошт шудани  Маҳмурод Одинаев, дар кадом асос, омилҳои боздошт, моддаи ҷиноят ё кодекси маъмурӣ, ки ӯ айбдор карда мешавад, ба ҲСДТ ва шахсан раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ҳатмӣ расонида шавад.”

Маҳмурод Одинаев пас аз як даъвати гирдиҳамоӣ ба шӯъбаи ВКД шаҳри Ҳисор даъват шуд ва ба гуфтаи пайвандонаш баъд аз ҳозир нашудани Одинаев ба шӯъбаи ВКД-и Ҳисор ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд. Одинаев аз таърихи 20 ноябр ба муддати ду ҳафта бедарак буд ва ҷои будубошашро касе намедонист.

Рӯзи 3-юми декабр телевизиони “Настоящее Время” аз қавли раиси ҲСДТ хабар дод, ки Одинаев дар озодӣ аст.

Раҳматилло Зойиров дар сӯҳбат бо ин расона гуфт, ки “Одинаев зиндаву саломат аст. Муддати дароз ӯ бемор буд, ҳаракат карда наметавонист. Ҳоло ба ҳаракат даромад”.

Ду ҳафта ғайб задани Маҳмурод Одинаев ҳадсу гумонҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард. Чун чанд рӯз пеш аз бедарак шуданаш ин мухолифи ҳукумат дар саҳифаи фейсбукаш аз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои гирдиҳамоӣ дар назди Қасри Президент иҷозат хоста буд.

Давоми ду ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзияҳои гуногуни ғайб задани муовини раиси ҲСДТ пайдо шуд. Баъзе аз корбарон бар ин назар буданд, ки Маҳмурод Одинаев дар яке аз таҳхонаҳои шӯъбаҳои ВКД дар пойтахт нигоҳдорӣ мешавад ва раҳбарияти ВКД ин ҳамаро аз ҷомеа пинҳон медорад.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дошт. Ӯ вақтҳои ахир аз фишори мақомот алайҳи худ ва хонаводааш бисёр мегуфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти зани маъюб: Хонаамро гирфтанд ва худамро террорист эълон карданд

Холматова Гулчеҳра, зани маъюби 58-сола иддао дорад, ки мақомоти додситонии кишвар ба ноҳақ зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар ҷустҷӯ қарор додаанд.

Аврупо бар зидди муҳоҷирон сахтгиртар мешавад

Парлумони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 17-уми июн қонуни наверо тасвиб кард, ки тағйироти сахтгиронатаре дар сиёсати муҳоҷиратии ин иттиҳод дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит аз шиканҷа шудани ӯ дар зиндон хабар медиҳанд

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит, зиндонии сиёсӣ ва собиқ муовини раиси НИТ аз вазъ ва шароити нигаҳдории ӯ дар зиндон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Трамп ва Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ИМА ва Эронро имзо карданд

Президенти Амрико Доналд Трамп ва президенти Эрон Масъуд Пизишкиён тафоҳумномаи миёни ду кишварро имзо кардаанд.