24.9 C
Dushanbe

Масъулини бонк сухан носанҷида мегӯянд?

Акс: аз ҳафтавори “Пайк”

Алиаҳмад Юсуфзода, мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб зимни нишасти хабариаш гуфт, “Дар минтақаи Кӯлоб ҳама банкоматҳо фаъол аст ва доимо бо пул таъмин ҳастанд, сокинон бе мамоният маош ва ё нафақаашонро гирифта метавонанд”.

Ин дар ҳолест, ки чанд моҳи ахир мардуми шаҳри Кӯлоб барои гирифтани маошашон дар назди банкомат соатҳо навбатпоӣ мекунанд. Бо вуҷуди интизории зиёд баъзе мардум наметавонанд, сари вақт пулҳояшонро бигиранд. Чун аксари банкоматҳои шаҳр пул надоранд. Торнамои “Пайк” дар ин хусус менависад:

“Масалан рӯзи 24 июли соли ҷорӣ тақрибан соати 9:00 банкомати назди Раёсати молияи шаҳр пул надошт. Бо ҷой доштани чунин мушкилот масъулини бонкҳо мехоҳанд, ки “офтобро бо доман пушонанд” ва дар ҳисоботашон аз худ қаҳрамон созанд,- омадааст дар хабари “Пайк”.

Ба гуфтаи Алиаҳмад Юсуфзода, аз баски сокинони навоҳии атроф низ аз банкоматҳои шаҳри Кӯлоб омода маошашонро мегиранд, аз ин рӯ, ба баъзе нафарон пул намерасад. “Пайк” мепурсад, ки агар гуфтаҳои ҷаноби Юсуфзода ҳақиқат дошта бошад, пас Филиали №63 “Амонатбок” и ноҳияи Муъминобод ба кӣ хидмат мекунад? Дар ҳоле, ки дар назди филиали мазкур 7 маркази хизматрасонӣ ва 2 банкомат вуҷуд доранд, ки банкоматҳои “Амонатбонк”-и ноҳияи Муминобод якеаш фаъол асту дигараш зиёда аз 4 моҳ мешавад, ки таъмир мехоҳад. Ба гуфтаи Ҳакназарзода Саидакбар, сардори Филиали №56 “Амонатбонк” дар минтақаи Кӯлоб клавиатураи банкомати ноҳияи Муъминобод вайрон аст ва онро аз хориҷа дастрас кардан мумкин аст, арзиши клавиатура чаҳор ҳазор доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Меҳринисо Шарифзода, мудири бахши №63 “Амонатбок” и ноҳияи Муъминобод дар мусоҳиба ба хабарнигори “Пайк” гуфт:

“Айни замон дар тобеъияти Филиали №63 “Амонатбок” — и ноҳияи Муъминобод ҳафт маркази хизматрасонӣ ва ду банкомат дорем. Мо софдилона рисолати худро иҷро мекунем, яъне ба мардум хуб хизмат мекунем. Ҳар нафаре, ки аз хизматрасонии мо шикоят кунад, ҳатман камбудии ҷойдоштаро сари вақт бартараф мекунем. Дар ноҳияи Муъминобод зиёда аз 6500 нафақахӯр ва беш аз чаҳор ҳазор кормандони буҷетӣ мебошад”.

Манбаъ гуфтааст, ки сокинони ноҳияи мазкур аз марказҳои хизматрасонӣ зертобеъи филиали №63 бештар истифода мекунанд. Ӯ гуфт, ки гуфтаҳои ҷаноби Юсуфзода беасос аст, инчунин сокинони ноҳия нафақа ва маошашонро аз банкомат ва кассаҳои худи филиали мазкур мегиранд ва хизматрасонии онҳо хуб аст.

Мудири бахши “Амонатбонк”-и ноҳияи Муъминобод гуфтаҳои масъули Бонки миллиро бепоя хонда, гуфт, ки мушкилоти ҷойдошта дар минтақаи Кӯлоб ба фаолияти шуъбаҳои бонкии онҳо рабте надорад. Ин гуфтаҳо гувоҳи он аст, ки дар низоми бонкдории кишвар ё маълумот сари вақт ва дақиқ ба дасти масъулон намерасад ва ё ин ки ҳар масъуле барои ҷавоб гардондан ба хабарнигорон ҳарчи хоҳад бидуни иттилоъ мегӯяд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.