Масъулони “IRS” Радиои Озодиро ба якҷониба нашр кардани ахбор муттаҳам карданд

Маъмурияти IRS (Innovative Road Solutions), ки масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе – Чаноқ дониста мешавад, ба пажӯҳиши Бонки осиёии рушд, ки Радиои Озодӣ онро нашр намуда буд, вокуниш нишон доданд.

Раиси дафтари ин ширкат дар Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров, дар номае ба Радиои Озодӣ далелҳои Бонки осиёии рушдро дар бораи 19 дарсад кам шудани гардиши мол ба иллати пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Чаноқ рад накарда, балки аз Радиои Озодӣ эрод гирифтааст, ки чаро чунин фактро нашр кардааст.

Масъулини ин ширкат иддао кардаанд, ки пулакӣ шудани ин роҳ ба “нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ” таъсири мусбат доштааст на манфӣ.

Раиси дафтари IRS дар Тоҷикистон навиштааст:

“Натиҷаҳои таҳқиқот собит кардааст, ки Маҷмӯи Маҳсулоти минтақавии минтақаҳои омӯхташуда (Суғд ва НТҶ) дар муқоиса бо минтақаҳои назоратӣ (Хатлон ва ВМКБ) 26% зиёд шудааст. Муҳимтар аз ҳама, таъсири мусбати роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ ба афзоиши даромади буҷаи вилоят аз 29% то 42% кумак кардааст.”

Сафаров далели зиёд гардидани маҳсулоти дохилиро мисол оварда, ки дар гузориши Бонки осиёии рушд ба таври рӯшан гуфта нашудааст, ки афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ин минтақаҳо бо пулакӣ шудани роҳ чӣ иртибот дорад. Маълум нест, агар ин роҳ ройгон (бепул) мебуд ё нархи ҳаракати нақлиёт дар он аз ин ҳам арзонтар мешуд, рушди ММД дар минтақаҳои номбаршуда аз ин ҳам бештар мешуд ё на, менависад Радио Озодӣ.

Нодирҷон Сафаров Радиои Озодиро ба якҷониба бозтоб додани пажӯҳиши Бонки осиёии рушд айбдор карда, навиштааст, “чаро Радиои Озодӣ “таваҷҷӯҳ”-и худро танҳо ба яке аз самтҳо – 19 фоиз коҳиш ёфтани савдо равона кардааст? Дар ҳоле, ки тибқи қавонини журналистӣ муаллифи матлаб муваззаф буд, дигар самтҳоро, ки нишондиҳанда ва натиҷаҳои мусбат доранд, инъикос намояд, то тавозун таъмин ва ғаразнок будани мақола истисно шавад.”

Дар ҳамин ҳол иқтисоддони тоҷики муқими Итолиё Аюб Эгамов, ба “Радиои Озодӣ” гуфтааст, пулчинии IRS дар роҳи Душанбе – Чаноқ, ки аз пардохти ҳама гуна андоз озод аст, танҳо замоне ба фоидаи иқтисоди кишвар буда метавонист, ки баргардонидани қарзи Чин барои навсозии роҳ ба дӯшаш мебуд.

Эгамов афзудааст, ки “бино ба баъзе маълумот, ин ширкат ҳар сол аз ин роҳ аз 80 то 100 миллион доллар ба даст меорад. Аз ин даромад дар давоми 4-5 сол мешуд қарзи Чинро пардохт. Намедонем, ки ширкат ҳар сол барои нигоҳдории роҳ чанд пул харҷ мекунад, аммо фикр накунам аз 10 миллион доллар бештар бошад”.

Ба гуфтаи ин итисоддон тоҷик, агар IRS хоҳад, ки дар рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳм бигирад, бояд нархи истифода аз роҳро арзонтар кунад.

“Ман аз роҳҳои пулакӣ дар инҷо истифода мекунам, чун ин роҳи кӯтоҳтару ҳамвор аст. Барои тақрибан 20 километр роҳ дар Италия 1 евро талаб мекунанд. Ҳол он ки андозаи маоши миёна дар Италия 1600-1800 евро аст ва барои мардум 15-16 евро супурдан вазнин намеафтад”, гуфтааст Аюб Эгамов.

Ба назари иқтисодшинос Аюб Эгамов агар ҳукумати Тоҷикистон некӯаҳволии мардумро хоҳад, “ҳоло шартномаро бо IRS қатъ карда, барои нигоҳдории роҳ ширкати давлатӣ таъсис диҳад ва то соли 2029 қарзи Чинро аз ин ҳисоб пардозад.”

Ба назари ӯ  вақте ки қарзи Чин пардохта шуд, аз истифодабарандагони роҳ танҳо ҳамон миқдор маблағе ситонида шавад, ки барои нигоҳдории ин зарур аст на бештар аз он.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нишасти Теҳрон: Эрон ва аъзои Паймони Макка ба идомаи музокирот мувофиқат карданд

Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон ва Туркия пас аз нишасти Теҳрон аз идомаи гуфтугӯҳо барои таҳкими сулҳу амнияти минтақа хабар доданд.

Тоҷикистон барои роҳ ва оби Кӯлоб 55,4 миллион евро қарзи нав мегирад

Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд барои таҷдиди роҳи Балҷувон–Сари Хосор ва беҳсозии обрасонии Кӯлоб то 55,4 миллион евро қарзи давлатӣ ҷудо мекунад.

“Тӯби тиллоӣ 2026” насиби кӣ гашт?

26-уми октябри соли ҷорӣ, дар шаҳри Лондони Британияи Кабир маросими супурдани ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ 2026" ба беҳтарин футболбозони сол баргузор гардид.

Бори гарони муҳоҷирон сабук мешавад?

Тоҷикистон бори аввал дар қонун уҳдадории давлатро барои мусоидат дар бозгардонии ҷасади шаҳрвандони дар хориҷ фавтида пешбинӣ кард.