Мавқеи зидди толибонӣ ё муқтазои замон? Ихроҷи ҳазорҳо афғонистонӣ аз Покистон

Мақомоти давлати Покистон тайи чанд рӯзи ахир ҳазорҳо афғонистониро маҷбуран аз ин кишавар ихроҷ карданд.

Дар пайи ин иқдоми Покистон ҳукумати сарпарасти Афғонистон бо роҳбарии Толибон вокуниш нишон дода, чанде аз мақомдорони он дар изҳороти ҷудогона бо маҳкум кардани ихроҷи муҳоҷирони Афғонистон аз Покистон гуфтаанд, ки рафтори Покистон “хилофи усули исломӣ ва ҳамсоягӣ аст.”

Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати сарпарасти Толибон, рӯзи душанбе дар изҳороте бо ҳузури дигар намояндагони ин ҳаракат гуфт: “Бархурди давлати Покистон бо муҳоҷирони Афғонистон ғайри исломӣ ва ғайри инсонӣ аст.”

Мақомоти Толибон дар хитоби вежа ба мардум ва уламои динии Покистон гуфтаанд, ки “Аҳзоби сиёсӣ, уламо ва чеҳраҳои бонуфуз бояд пеши роҳи ин иқдомоти кишварашонро бигиранд ва масъулияти динӣ ва ҳамсоягии худро адо кунанд.”

Ҳамзамон Толибон таъкид мекунанд, ки бо иҷбор ихроҷ кардани муҳоҷирони Афғонистон аз ин кишвар метавонад ба зарари ҳарду кишвар тамом шавад.

Ҳамзамон расонаҳои афғонистонӣ хабар медиҳанд, ки Иморати исломӣ рӯзи гузашта бо мақсади расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирони ихроҷшуда нишасти махсусеро бо ҳузури сарвазир Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд ва дигар мақомҳои аршади Толибон баргузор кард.

Гуфта мешавад, мақомоти Иморати исломӣ дар ин нишаст аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ хостанд, то масъулияти худро дар баробари муҳоҷирони ихроҷшуда аз Покистон адо кунанд.

Ин нишасти Толибон дар ҳоле баргузор мешавад, ки рӯзи гузашта расонаҳои покистонӣ гузориш доданд, ки танҳо дар давоми ҳафта наздик ба ҳафт ҳазор шаҳрвандони Афғонистонро ба таври иҷборӣ аз Покистон ихроҷ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, ки дида мешавад, пулис ва дигар мақомҳои Покистон ба хонаҳо даромада, мардону занони муҳоҷирони афғонро бо зарбу лат зӯран берун мекунанд. Гуфта мешавад, пулис муҳоҷиронро аз хонаҳо боздошт карда, мустақим ради марз мекунанд.

Ин сиёсати Покистон нисбати муҳоҷирони Афғонистон пас аз омадани Толибон ба сари қудрат дар ин кишвар тундтар шудааст. Мақомоти Покистон дар чандин амалиёт ва таҳаррукоти низомӣ Толибони Афғонистон муттаҳам медонад, аммо Толибон тамоми иттиҳомоти Покистонро рад мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.